14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои иншооти нав бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба муносибати ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлия табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншоотро натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ маънидод намуданд.
Таъкид гардид, ки мақомоти адлияи Тоҷикистон дар баробари дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ, дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд.
Ба андешаи Сарвари давлат бинои нави Вазорати адлия танҳо як иншооти маъмурӣ нест, балки ифодаи эҳтиром ба қонун, адолат ва пойдории истиқлоли миллӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки таърихи низоми адлияи тоҷик бо таърихи тӯлонии давлатдорӣ ва сарнавишти миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Ниёгони мо арзишҳои умумиинсонӣ, бахусус, адолат, анъанаҳои давлатдорӣ, қонунмеҳварӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл офарида, ба аҳли башар тақдим кардаанд.
“Куруши Кабир, ки бо номи Куруши Бузург низ ёд мешавад ва бунёдгузори нахустин империя дар таърих, яъне давлатдории ориёии ҳахоманишӣ мебошад, ҳамчун рамзи адолатпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон дар тамаддуни башар мақоми хос ва барҷаста дорад”, — изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат дар ин зимн афзуданд, ки “аз ҷониби созмони бонуфузи ЮНЕСКО қабул гардидани қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруши Кабир: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон сурат гирифт, гувоҳи ин гуфтаҳо ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмин намудани рушди низоми ҳуқуқии кишвар ислоҳоти фарогири ҳуқуқӣ амалӣ карда шуд ва ин раванд идома дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фароҳам овардани шароити кории кормандони мақомоти адлия дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар 33 шаҳру ноҳияи кишвар биноҳои хуштарҳу замонавии марказҳои адлия бунёд карда шуданд. Дар 5 шаҳру ноҳияи дигар биноҳои маъмурӣ пурра таъмиру азнавсозӣ ва бо шароиту имкониятҳои замонавӣ таъмин гардиданд.
Ҷорӣ намудани консепсияи “ҳукумати электронӣ”, ташкили махзанҳои мутамаркази иттилоотиву ҳуқуқӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, такмили фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷумлаи тадбирҳои Ҳукумати кишвар номида шуд, ки ба баланд бардоштани шаффофият, дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Таъкид гашт, ки мақомоти адлия дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа низ нақши муассир доранд.
“Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки волоияти қонун асоси устувории давлат, кафили адолати иҷтимоӣ ва шарти муҳимми зиндагии осоиштаи мардум мебошад”, — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Вазорати адлия вазифадор карда шуд, ки корро ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури ҳуқуқии ҷомеа тақвият бахшида, онро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ шуморад.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони мақомоти адлияро таҳлил намуда, барои ислоҳи баъзе камбудиҳо дар назди роҳбарият ва кормандони ин ниҳоди бонуфуз супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Ҳукумати кишвар пешниҳодшаванда зоҳир гардид.
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти вазорат вазифадор гардиданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва ҷорӣ намудани таҷрибаи мукаммали таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ беҳбудиро тақозо менамояд.
Зарур шумурда шуд, ки фаъолият оид ба расонидани иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳои сайёр, андешидани дигар тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ва мусоидат барои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии онҳо ҷоннок карда шавад.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифадор карда шуд, ки низоми назорати дохилӣ, корҳои оперативӣ, интихоби кадрҳо, омӯзиши вазъи равонии кормандон ва маҳкумшудагон, пешгирӣ аз воридшавии ашёи манъшуда ба дохили муассисаҳои ислоҳӣ ва риояи волоияти қонунро пурра бозбинӣ ва таҷдид намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва амалисозии сиёсати инсондӯстона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” қабул гардид, ки ин амал имкон медиҳад то шахсони даст ба ҷиноятзада ислоҳ шуда, ба назди оила ва пайвандони худ баргарданд.
Бинобар ин, роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки татбиқи дурусту беғаразонаи қонуни мазкурро таъмин карда, зимни татбиқи қонун ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бояд низоми ҳуқуқии давлат боз ҳам такмил дода шуда, барои ташаккули давлати пешрафта, ҳуқуқбунёд ва муосир тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки рушди технологияҳои муосир, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, махсусан дар фаъолияти нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти адлия ба ҳисоб мераванд.
Дар ин раванд, зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, омӯхтани ҳуқуқи байналмилалӣ ва донистани ду забони хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Аз кормандони мақомоти адлия талаб карда шуд, ки бо масъулияти боз ҳам баланд ва содиқонаву софдилона ба халқи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Пас аз анҷоми суханронӣ миёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири адлия Музаффар Ашуриён ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор нишасти пурсишу посух доир гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.



14