Ширкати филмофарии “Нетфлик” навори таблиғотии филми “Овоз аз паси тиреза” – ро дар сомонаи расмии худ нашр кард. Нақшҳоро дар филм Адам Скотт, Роберт де Ниро, Майкл Китон ва дигарон иҷро намуданд. Сужа дар бораи як шахсе, ки рафтораш аҷиб аст, қисса мекунад. Ӯ писари худро гум мекунад. Барои кӯмак ӯ ба назди падараш, ки собиқ полиси шаҳраки Фезербенкс буд, меравад. Ба зудӣ қаҳрамонон пай мебаранд, ки писаракро як ҷинояткори асил рабудааст. Коргардони филм Ҷеймс Эшкрофт мебошад.



5