Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Филми ҳунарии «Одиссея», ки бар асоси достони машҳури Ҳомер таҳия шуда, коргардони он Кристофер Нолан мебошад, дар охири ҳафтаи аввали намоиш дар прокати ҷаҳонӣ 264,1 миллион доллар даромад ба даст овард.

    2026-07-21
    12

    Ин натиҷа беҳтарин оғози кассавӣ дар фаъолияти эҷодии Кристофер Нолан ба ҳисоб рафта, рекорди қаблии ӯро, ки ба филми «Шоҳи торик: Эҳёи афсона» бо даромади 249 миллион доллар  тааллуқ дошт, паси сар гузошт.

    Ҳамчунин, «Одиссея» сеюмин оғози муваффақтарини прокати ҷаҳонӣ дар соли 2026 маҳсуб мешавад. Дар ин раддабандӣ ҷойи аввалро филми тасвирии «Таърихи бозичаҳо 5» бо 372,5 миллион доллар ва ҷойи дуюмро «Супер Марио: Филми галактикӣ» бо 312 миллион доллар ишғол мекунанд.

    Дар Амрикои Шимолӣ филм 124,5 миллион доллар ва дар бозорҳои байналмилалӣ 139,6 миллион доллар даромад ба даст овардааст.

    Барои наворбардории «Одиссея» ширкати UniversalPictures 250 миллион доллар маблағ ҷудо кардааст. Илова бар ин, барои паҳн ва таблиғоти филм боз 125 миллион доллар харҷ шудааст.

    Дар филм ҳунарпешагони маъруф, аз ҷумла Мэтт Деймон, Том Ҳолланд, Энн Ҳэтэуэй, Роберт Паттинсон ва дигарон нақш офаридаанд.

    «Одиссея» инчунин ҳамчун аввалин филм дар таърихи синамо сабт гардид, ки пурра бо дурбинҳои IMAX ба навор гирифта шудааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ