Дар шабакаҳои интернетӣ аввалин трейлери филми саргузаштии «Рокки — ин ман ҳастам» ба нашр расид. Ин филм, ки аз раванди офариниши филми машҳури «Рокки» нақл мекунад, аз 26 ноябр дар кинотеатрҳои Русия ба намоиш мебарояд.
Нақши ҳунарманди маъруф Силвестр Сталлоне-ро дар ин филм Энтони Ипполито, ки бо нақшофарӣ дар силсилафилми «Пешниҳод» маъруф аст, иҷро кардааст.
Тибқи хатти сужа, Сталлоне дар оғози фаъолияти эҷодиаш дар вазъи душвори молиявӣ қарор дошта, қариб аз ояндаи худ умеде надорад. Вақте ки студияҳои Ҳолливуд ба сенарияи филми ӯ — «Рокки» — таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ӯ шарти ғайриодӣ пеш мегузорад: агар сенарияашро бихаранд, нақши асосии муштзан Рокки Балбоа-ро бояд худи ӯ иҷро кунад.
Филми аслии «Рокки» соли 1976 ба экран баромада, ба яке аз машҳуртарин ва таъсиргузортарин филмҳои таърихи синамо табдил ёфт.
Дар филми «Рокки — ин ман ҳастам» инчунин ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Мэтт Диллон, АннаСофия Робб, Трейси Леттс, Тоби Кеббелл ва дигарон нақш офаридаанд.
Коргардонии филмро барандаи ҷоизаи «Оскар» Питер Фаррелли, офарандаи филми маъруфи «Китоби сабз», бар уҳда дорад.



13