Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт

    Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт

    2026-07-22
    6

     22 июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон, ки аз 20 то 22 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.

    Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд. Аз руи натиҷаи музокироти миёни Тоҷикистону Муғулистон 12 санади нав ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Муғулистон дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон буд.

    Ҳамчунин, рӯзҳои 20 — 21 июл дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Муғулистон самимона гусел намуданд.

    22 июл Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муғулистон ба Ватан баргаштанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ