Ширкати паҳнкунандаи филмҳо “Каро Примйер” навори таблиғотии филми ҳунарии “Шаҳри мошинҳо”-ро дар интернет нашр кард. Нахустнамоиш дар кинотеатрҳои Русия 20 августи имсол дар назар аст.
Нақши асосиро ҳунарпешаи маъруф Алан Ричсон, ки бо нақши худ дар силсилафилми Ҷек Ричер шуҳрат ёфтааст, иҷро намудааст. Ӯ дар симои Ҷон Миллер ҳунарнамоӣ мекунад, ки коргари яке аз корхонаҳои мошинсозии шаҳри Детройти соли 1970 мебошад. Қаҳрамон ба дӯстдухтари яке аз саркардагони гурӯҳи ҷиноятӣ дил мебандад. Ин амал боиси хашми ҷинояткор мегардад ва ӯ Миллерро барои ҷинояти, ки худ содир накардааст, гунагор нишон дода ба маҳбас мефиристад. Пас аз гузашти солҳо Миллер аз маҳбас озод шуда, бо орзуи интиқом ба зиндагӣ бармегардад.
Нақшҳои дуюмдараҷаро Шейли Вудли ва Бен Фостер иҷро намудаанд. Коргардон Потси Пончиролли мебошад.



5