Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

    2026-07-24
    3

     Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

    Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона табрик гуфтанд.

    Дар ин замина, қадамҳои устувори Узбекистони бародар дар роҳи рушду пешрафт ва таҳкими пайвастаи обрӯву эътибори байналмилалии он таъкид гардиданд.

    Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд. Пешвои миллат аз азми қатъии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рӯҳияи анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ёдовар шуданд.

    Сарварони Тоҷикистон ва Узбекистон ҷадвали вохӯриҳо ва тамосҳои дарпешистодаро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд.

    Оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб низ табодули афкор сурат гирифт.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ