Ситораи тими миллии футболи Португалия Криштиану Роналду барои нахустин бор дар синамо омодагӣ мебинад. Дар ин бора нашрияи бритониёӣ хабар додааст. Тибқи ин гузориш, Роналду метавонад дар силсилафилми драмавии варзишии «Рӯзи аввал», ки коргардони он Метт Вона мебошад, нақши меҳмонро иҷро кунад.
Дар филм инучунин Дамиэн Луис низ нақш хоҳад офарид. Ӯ симои намояндаи футбол-ро таҷассум хоҳад кард. Ба ҷӯз онҳо инчунин футболбози фаронсавӣ Терри Анри ва сароянда Дейв низ нақш меофарад. Наворбардории силсилафилм аллакай дар шаҳри Лондон оғоз шудааст. Санаи дақиқи намоиши он баъдтар эълон карда мешавад.



13