Ширкати Волга хабар дод, ки ҳуқуқи намоиши филми аниматсионии “Барраи Шон ва Мавҷудоти пашмӣ” – ро ба даст овардааст ва ба зудӣ дар кинотеатрҳои Русия пешкаши бинандагон мегардад.
Қисмати нави филм, ки аз ҷониби студияи бритониёвӣ Ардман таҳия шудааст, дар кинотеатрҳо 29 октябр ба намоишгузошта мешавад. Сужаи филм дар борпи ҷашни Ҳелоуин давр мезанад. Соҳиби хоҷагии Мосси Боттон тасодуфан киштзори кадуро вайрон мекунад ва Шон мекӯшад бо ихтироъҳои худ вазъиятро ислоҳ намояд. Аммо дере нагузашта деҳқон бедарак мегардад ва дар гирду атрофи ҷангал як мавҷуди асроромез пайдо мешавад. Пайдоиши ин махлуқ ба зиндагии гусфандон, ки алакай дар вазъияти душвор қарор доранд, таҳдиди ҷидди мерасонад.



10