Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот намуданд

    2026-07-29
    10

    29 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот намуданд.

    Дар рафти суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд.

    Ҳарду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.

    Ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

    Суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карда шуд.

    Бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд.

    Вобаста ба бахшҳои фарҳангию башарӣ ҷонибҳо алоқамандии худро ба тақвияти раванди мубодилаи эҷодӣ, таълимӣ ва академӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.

    Ҳамкории бисёрҷониба дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ