Номи ҳунарпешае, ки нақши агенти 007 — Ҷеймс Бондро дар филми навбатӣ иҷро хоҳад кард, эҳтимолан то охири соли ҷорӣ эълон мешавад.
Дар ин бора продюсери филми нави силсилаи «Ҷеймс Бонд» Эми Паскал дар суҳбат бо нашрияи Deadline изҳори назар кардааст.
Ӯ гуфт: «Ба назари ман, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки то охири сол номи ҳунарпешаи нави Ҷеймс Бонд эълон шавад.»
Филми 26-уми силсилаи «Ҷеймс Бонд»-ро студияи Amazonба экран мебарорад. Коргардонии филм ба уҳдаи Дени Вилнёв, офарандаи филми «Дюна» гузошта шудааст.
Тибқи маълумоти манбаъҳои гуногун, дар вақтҳои мухталиф барои иҷрои нақши Бонд ҳунарпешагони Ҷейкоб Элорди, Каллум Тёрнер, Аарон Тейлор-Ҷонсон, Харрис Дикинсон ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дэниел Крейг аз соли 2006 то соли 2021 нақши Ҷеймс Бондро иҷро карда, ҳамзамон дар чанд лоиҳаҳои дигри гуногнужанр ҳунарнамоӣ кардааст.



5