Дар интернет навори таблиғотии драмаи руссии “Ба қафо нигоҳ накардан” бо иштироки ҳунарпешаи машҳӯр Анна Пересилд нашр гардид.
Сужаи филм дар бораи ду дӯст Соня ва Женя, ки тасаввур мекунанд шахсеро куштанд, қисса мекунад. Акнун онҳо маҷбуранд фирор кунанд ва дар ҷустуҷӯи оғози зиндагии нав бошанд.
Нахустнамоиши филми мазкур дар кинофестивали “Нилгун дар Аврупо” сурат мегирад. Дар кинотеатрҳои Русия бошад 4 декабри соли равон манзури ҳаводорон гардонида мешавад.



5