Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    2026-08-08
    13

    Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш  ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

    Ҷаноби Олӣ,

    Ба муносибати аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036), ба Шумо табрикоти самимии худро иброз менамоям. Ин дастоварди муҳим бозгӯи талошҳои пайгирона ва саҳми арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот тавассути таҳкими бисёрҷонибагароӣ, муколама ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

    Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо тахдиду чолишҳои бесобиқа рӯ ба рӯ мебошад, ин ташаббуси муҳим ҳамчун идомаи мантиқии ухдадориҳое, ки дар доираи Саммити Оянда ва Паймон ба хотири Оянда (2024) кабул шудаанд, паёми қавӣ ва умедбахшро дар бораи зарурати сармоягузорӣ ба таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тақвияти ҳамбастагии байналмилалӣ ба манфиати наслҳои имрӯзаву оянда ироа менамояд.

    Аз талошҳои Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилот бо давлатҳои ҳамсоя истиқбол намуда, бори дигар омодагии Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба хотири густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо таъкид менамоям.

    Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед».

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ