Ширкати “Атмосфера Кино” ролики таблиғотии филми руссии “Фармоишрасон”-ро дар интернет нашр кард. Нақшҳои асосиро Алан Ричсон ва Оуэн Уилсон иҷро намуданд.
Сужаи филм дар бораи собиқ сарбози ҳарбӣ Хенк қисса мекунад, ки ӯ ҳамчун фармоишрасон кор мекунад. Қаҳрамон бояд ҳарчи зудтар узви донориро барои як духтарчаи хурдсол ба беморхона расонад. Аммо вақте ки як гурӯҳи ҷинояткорон ба таъқиби ӯ ва барои ба даст овардани ин бор шурӯъ мекунанд, боиси сар задани ҳолатҳои нохуш мегардад.
Коргардонии филмро Скотт Во ба зимма дорад. Нахустнамоиши офарида 17 сентябри имсол дар назар гирифта шудааст.



57