Навори таблиғотии қисмати сеюми филми аниматсонии “Қалби яхин” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид. Нахустнамоиш аз ҷониби ширкати Дисней 24 ноябри соли 2027 дар назар гирифта шудааст. Ба персанажҳо бозам Кристен Белл, Идина Мензел, Ҷонатан Грофф ва Ҷош Гад овоз медиҳанд.
Тибқи сужа, дар филм як шахси бадкирдори пурқудрат пайдо мешавад. Анна ва Кристофер бо ҳам издивоҷ мекунанд ва Олаф барои худ маҳбуба бо номи Саманта пайдо мекунад. Коргардонии филмро Ҷеннифер Ли ва Трент Корри ба зимма доранд. Қисмати аввали аниматсия соли 2013 ва қисмати дуюм бошад соли 2019 руйи экранҳо баромада буд, ки даромади онҳо 2,7 млрд долларро дар бар мегирад.



17