Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 3 корхонаи саноатиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 3 корхонаи саноатиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

    2026-08-26
    1

    26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 корхонаи нави саноатӣ — корхонаи истеҳсоли равғани зағири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Грин голд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноатро ба истифода доданд.

    Дар ин 3 корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.

    Иқтидори корхонаи истеҳсоли равғани зағири ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди грин голд дар як сол 100 тонна равғанро ташкил намуда, 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

    Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саноати бомпӯшҳои Данғара бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 5 миллион дона шифер дар як солро ташкил медиҳад. Ҳудуди ҷойгиршавии корхонаи саноатӣ як гектар буда, дар он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд.

    Иқтидори умумии корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сангвор саноат дар як сол истеҳсоли 10 миллион дона 5 номгӯи хишт буда, 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд. Технологияи корхона барои истеҳсоли маҳсулоти босифат нигаронида шуда, дар шароити вусъати созандагиҳо ҷиҳати дастраси бо маҳсулоти босифат мусоидат мекунад.

    Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ҳоло 41 субъэкт ба қайд гирифта шудааст, ки 15 тои он ба фаъолияти истеҳсолӣ ва 5 тои дигар ба хизматрасонӣ машғуланд. Боқимонда бошад дар марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохмтон қарор доранд.

    Танҳо 7 моҳи соли 2026 ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара 90 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардида, 140 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ, зиёдшавии тавлиди маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нав, насби технологияи муосир ва дар ҳамин замина рушди фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати васеъшавии имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи бозор, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ