Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд

    2026-08-26
    15

    26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андози ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

    Бинои нави Нозироти андоз дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти андоз ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст.

    Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии иншоот соли 2024 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва сохтмонӣ дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд бунёд карда шудааст.

    Дар бинои мазкур барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии корӣ муҳайё карда шудааст.

    Дар бинои нав 35 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои компютерӣ ва машваратӣ, толори калони маҷлис бо 100 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бойгонӣ ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудаанд.

    Таъкид гардид, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва бунёди иншоот ба фароҳам овардани муҳити муносиб барои фаъолияти кормандон, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ороиши бино баҳои баланд дода, масъулинро ба истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёгардида, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва риояи талаботи қонунгузории андоз ҳидоят намуданд.

    Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андози ноҳияи Данғара дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ