31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони вохӯриро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ — 35 — умин солгарди Истиқлоли давлатӣ инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад.
Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд гардида, бо беҳтарин шароиту имкониятҳои таълиму тарбия барои 2400 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор кӯдак бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд.
“Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр гардид, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи маориф дар рушду пешрафти ҷомеа, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад.
Президенти кишвар саҳми соҳибкорони бонангу номусро дар кори пуршарафи бунёди таълимгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир назаррас арзёбӣ намуда, барои ҳиммати ватандӯстонаашон ба онҳо изҳори сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳо, аз ҷумла рушду пешрафти соҳаи маорифро самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ номиданд.
Таъкид гардид, ки дар моҳи июни соли равон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат гирифт, нишонаи саъю талоши пайгиронаи кишвари мо барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар сайёра мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад.
“Истиқлоли давлатӣ ҳастии халқи тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон ҳифз кард, адолати таърихиро барқарор сохт, тоҷиконро ба аҳли олам ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз ва таҳаммулгарову сулҳҷӯй муаррифӣ намуд”, – таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар рӯзи дониш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба моҳияти илм, маърифат ва китоб, ки чароғи зиндагӣ, асоси давлатдорӣ ва сарчашмаи пешрафти ҷомеа мебошад, андешаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо фарзандони фарзонаи миллати тоҷик бо қудрати хирад ва илму дониш дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки насли наврасу ҷавони мо ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад, мунтазам омӯзад ва дар ин замина, ба эҷодкориву навоварӣ машғул шавад.
Дар рӯзи дониш ва дарси сулҳ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи аҳамияту афзалияти фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, қабули Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 — 2027 ва Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, баланд бардоштани сифати таҳсилот, аз ҷумла такмили маҳорати касбии омӯзгорон, андешаронӣ намуданд.
Пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ, адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор, такмил додани сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав, таҳия ва пешниҳоди роҳу усул ва технологияҳои инноватсионии таълими фанҳо, дар навбати аввал фанҳои табиатшиносиву риёзӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, аз масъалаҳои муҳими вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар буд, ки вобаста ба амалисозии онҳо дастуру тавсияҳо дода шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба натиҷаҳои пурсамари таъсиси квотаи президентӣ, ташаккули низоми муосири касбомӯзӣ, аз ҷумла таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон, қабули “Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 — 2029 ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва ғайра ҷалб намуданд.
Дар назди масъулини соҳа барои татбиқи амалии ҳамаи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар ин самт вазифаҳо гузошта шуд.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ бошанд.
“Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд”, – изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта шуд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии мо соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд.
Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз Сарвари давлат супориш гирифтанд.
Бо дарназардошти зиёд гардидани талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ дар бозори меҳнат, дар назди сохторҳои марбута як қатор вазифаҳо гузошта шуд.
Дар дарси сулҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бояд барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва оромиву осоиш дар Ватани маҳбубамон ҷидду ҷаҳд намоем, пайваста кӯшиш кунем, ки раванди созандагиву бунёдкориҳоро дар кишварамон боз ҳам вусъат бахшем.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи мо фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ миёни Сарвари давлат ва аҳли нишаст маҳифили пурсишу посух ва суҳбати озод доир гардид. Зимнан хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 Амонзода Роҳила, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Абубакр Холзода ва устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Матлуба Муминзода сухан гуфта, ба Пешвои миллат барои таъмини шароити беҳтарини донишандӯзӣ ва кору зиндагӣ дар кишвар изҳори сипос намуданд.



3