Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    2026-09-08
    16
    08.09.2026, шаҳри Душанбе 

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳозирини гиромӣ!

    Имрӯз мо – мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – 35-солагии истиқлоли давлатии худро дар фазои сулҳу оромии сартосарӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати пойдори миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон таҷлил мекунем.

    Бо ифтихору сарфарозӣ кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба муносибати ин санаи бузурги таърихӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як   хонадони мамлакат саломативу хушбахтӣ ва осоишу оромӣ орзу менамоям.

    Истиқлол барои ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу худшинос рамзи олии озодӣ, нишонаи возеҳи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати ориёитабори тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ ва рукни бунёдии давлатдории муосири тоҷикон мебошад.

    Ин рӯйдоди бузург барои мо пайғоми адолати таърихӣ, эҳёи анъанаҳои бостонии давлатдорӣ ва оғози бунёди давлати навини миллӣ маҳсуб мешавад.

    Сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хиради азалӣ, иродаи матин ва неруи бузурги созанда мебошанд.

    Дар хотираи таърихии миллати тоҷик солҳои нахустини давлатдории навин ҳамчун давраи ниҳоят душвор ва пуртазод нақш бастаанд.

    Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари нобудии давлат ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талхи он рӯзҳо табдил ёфта буд.

    Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки қариб панҷ сол идома пайдо кард, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар фарзандони ин Ватан гардид, садҳо ҳазор шаҳрвандони моро аз хонаву дар маҳрум сохта, ба гурезаҳои иҷборӣ табдил дод ва рушди Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ ба таъхир андохт.

    Дар он айём садҳо ҳазор нафар мутахассисони беҳтарин кишварро тарк намуданд.

    Ин ҷангро бадхоҳони миллати тоҷик дар заминаи манфиатҳои ғаразноки худ ва бо истифода аз афроди ноогоҳу ғофили ҷомеа бар сари миллати мо таҳмил намуданд, ки пайомадҳои он ба раванди давлатсозӣ ва рушди кишвар таъсири зарбаи ҷонхоҳ расонид.

    Маҳз дар чунин вазъи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз, ки масъалаи ояндаи миллати тоҷик ва бақои давлати тоҷикон дар миён буд, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид.

    Зеро дар он рӯзҳо пойтахти давлати тозаистиқлоли мо ба майдони мухолифати шадиди мусаллаҳона табдил ёфта, Конститутсия ва қонунҳо зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас амнияти вакилони мардумиро кафолат дода наметавонист.

    Ин рӯйдоди таърихӣ, яъне Иҷлосияи 16-ум барои кишвари дар вартаи нобудӣ қарордоштаи мо нуқтаи гардиши сарнавишт ва оғози бунёди давлати нави миллӣ гардид.

    Санаду қарорҳои дар раванди иҷлосия қабулшуда заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии барқарорсозӣ ва рушди давлатдории навини тоҷиконро фароҳам оварда, роҳи минбаъдаи пешрафти кишварро муайян намуданд.

    Ман ҳамчун Раиси навинтихобшудаи Шурои Олӣ ва Сарвари давлат санаи 12-уми декабри соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон расман муроҷиат карда, таъкид намудам, ки сиёсати мо бояд ба самти бунёди давлати нав, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шавад.

    Вақт исбот намуд, ки интихоби чунин низоми давлатдорӣ беҳтарин шакли идоракунӣ буда, самараи онро мо дар тӯли зиёда аз се даҳсола ба хубӣ эҳсос намудем.

    Вале хотиррасон месозам, ки дар он рӯзҳои ниҳоят мураккабу ҳассоси ибтидои солҳои 90-ум баъзеҳо дар фикри бунёди давлати коммунистӣ, яъне нигоҳ доштани сохти давлатдории пешина ва баъзеҳо дар пайи сохтани давлати исломӣ буданд.

    Ман дар он рӯзҳои барои кишварамон сарнавиштсоз изҳор дошта будам, ки куҳандиёри мо – Тоҷикистони азиз – бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро ёбад ва барои ин, пеш аз ҳама, сулҳу осоиш зарур аст.

    Қасам ёд карда будам, ки ман ҳастии худро ба ин миллату ин Ватан мебахшам, ба шумо сулҳ меорам, тамоми донишу таҷрибаамро барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар ва амну осоиш дар ҳар як хонадон равона карда, барои пешрафту ободии Ватани азизам содиқона хизмат мекунам.

    Зеро ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар доштам.

    Имрӯз бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорам, ки бо такя ба хиради миллӣ ва дастгирии бевоситаи мардуми шарифи Тоҷикистон мо аз имтиҳони сахту сангини тақдир бо эҳсоси баланди масъулият дар назди таърих ва ояндаи халқамон гузаштем.

    Як муваффақияти бузурги мо дар он айёми фоҷиабор ин аст, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш кардем, беш аз як миллион нафар ҳамватанони ба кишварҳои гуногун парешонгардидаро ба Ватан баргардонидем ва ваҳдати миллиро таъмин намудем.

    Ин таҷриба аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, имрӯз низ таҷассуми иродаи қавӣ, масъулияти баланди миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

    Яъне мо тавонистем, ки сарҷамъу муттаҳид шавем ва даст ба дасти ҳам дода, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишварамон барқарор созем!

    Давлати ҷавони тоҷиконро аз гирдоби нобудӣ ва миллати тоҷикро аз хатари парокандагӣ наҷот бахшем!

    Асосҳои устувори пешрафти давлат ва рушди ҷомеаро поягузорӣ намоем!

    Ва ба ҷаҳониён исбот кунем, ки миллати тоҷик қодир аст бо ақлу хирад ва сабру таҳаммул сарнавишти худро мустақилона муайян созад.

    Имрӯз шукрона мекунам, ки ба шумо – мардуми азизу заҳматқаринам – такя кардам, шумо сиёсати пешгирифтаи маро пуштибонӣ кардед ва мову шумо, бо вуҷуди тамоми мушкилоти вазнини он замон, ба ин рӯзи босаодат расидем!

    Ҳозирини арҷманд!

    Тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон аз истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегиранд.

    Маҳз дар ҳамин иҷлосия нахустин рамзи давлатдории тоҷикон – Парчами миллӣ қабул гардида, замина барои таҳия ва тасдиқи дигар рамзҳои давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистон фароҳам оварда шуд.

    Ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сохторҳои идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра фалаҷ гардида буданд.

    Бинобар ин, яке аз масъалаҳои муҳимтарину сарнавиштсози он айём барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси сохторҳои низомӣ ва таъмин намудани волоияти қонун буд.

    Зеро риояи дақиқи қонун, баробарии ҳама дар назди он ва масъулияти шаҳрвандӣ на танҳо заминаи сулҳу оромӣ ва тартибу низом дар ҷомеа, балки асоси давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

    Соҳибистиқлолӣ тақозо менамуд, ки дар кишвар ислоҳоти бунёдии конститутсионӣ амалӣ карда, санади олии ҳуқуқие қабул гардад, ки дар он ҳадафу ормонҳои миллӣ, асосҳои давлатдорӣ ва низоми сиёсии мамлакат муайян карда шаванд.

    Шашуми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии    умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

    Дар миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

    Ин санади сарнавиштсоз пояҳои давлатдории муосир, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва самтҳои асосии рушди Тоҷикистонро муайян намуда, барои ташаккули сохтори мукаммали идораи давлатӣ заминаи устувори ҳуқуқиро фароҳам овард.

    Дар баробари таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионии давлатдорӣ, барои мо ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи истиқлол, амнияти миллӣ ва тамомияти арзии кишвар аҳаммияти сарнавиштсоз дошт.

    Бинобар ин, мо Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро, ки аз ҷумлаи аркони бунёдии давлатдорӣ мебошанд, дар шароити бисёр мураккаб ва амалан аз сифр таъсису ташаккул додем.

    Ин иқдоми тақдирсоз барои ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани амнияти миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа заминаи боэътимод гузошт.

    Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мо, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат вазифаи муқаддаси худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, ҳифзи марзу бум, истиқлолу озодӣ, амнияти миллӣ ва зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро таъмин карда истодаанд.

    Ҳамватанони азиз!

    Мехоҳам боз як лаҳзаи ҳассосро хотиррасон созам: Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароите арзи вуҷуд намуд, ки иқтисодиёту истеҳсолот ба буҳрони амиқ гирифтор гардида, зиндагии мардум дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошт.

    Дар чор – панҷ соли аввали соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар на маошу нафақа, балки танҳо нон мепурсиданд ва дар фикри зинда мондан буданд.

    Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоту маҳрумиятҳои он давра, мо дар як муддати кӯтоҳ кишварро ба роҳи пешрафту созандагӣ баровардем.

    Иқдомоти амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар он шароити мураккаб имкон доданд, ки кишвар аз оғози даҳаи дуюми соҳибистиқлолӣ ба роҳи пешрафти устувор қадам гузорад.

    Ҳанӯз дар марҳалаи аввали давлатдории навин мо гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ ва бунёди иқтисоди рақобатнокро ҳамчун шарти муҳимми рушди иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ муайян намудем.

    Дар ин замина, низоми идоракунии давлатӣ такмил дода, дигаргунсозиҳои сохторӣ амалӣ карда шуданд ва барои шаклҳои гуногуни моликият, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

    Дар ин раванд, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардиданд.

    Дар 25 соли охир, яъне баъд аз бартараф кардани ҳисороти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва барқарорсозии баъдиҷангӣ рушди миёнаи солонаи иқтисоди миллӣ беш аз 7,7 фоизро ташкил дода, ҳоло Тоҷикистон дар сафи кишварҳои босуръат тараққикунанда қарор гирифтааст.

    Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 ба 177 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, қариб 100 баробар афзоиш ёфт.

    Даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000 ба 65 миллиард сомонӣ дар соли 2026 расида, беш аз 250 баробар зиёд гардид.

    Муҳимтар аз ҳама, имкониятҳои молиявии бадастомада ба рушди неруи инсонӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона карда шуданд.

    Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 205 миллиард сомониро ташкил намуд.

    Аз ҷумла дар 25 соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 329 баробар, тандурустӣ 300 ва бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз 260 баробар афзоиш ёфт.

    Дар ҳамин давра музди миёнаи меҳнат 178 баробар ва нафақа 126 баробар зиёд гардида, имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуданд.

    Дар ин муддат барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ зиёда аз 4 миллиону 300 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

    Даромади аҳолӣ ба 165 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2000-ум 165 баробар афзоиш ёфт.

    Ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкӣ ба 38 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000-ум 410 баробар зиёд шуд.

    Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 19 фоиз коҳиш ёфта, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 77 сол расид, яъне ҳафт сол бештар гардид.

    Шумораи аҳолии кишвар ду баробар афзоиш ёфт ва то охири соли ҷорӣ ба 11 миллион нафар мерасад.

    Тавассути ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ ва ташаккули низоми муосири молиявию бонкӣ устувории молиявии кишвар таъмин карда шуд.

    Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, барои рушди соҳибкорӣ ва истеҳсолоти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

    Дар 25 соли охир барои дастгирии иқтисоди миллӣ зиёда аз 214 миллиард сомонӣ қарз ҷудо гардид.

    Ин дастовардҳо бори дигар собит месозанд, ки бахши молиявӣ ба яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.

    Чанде пеш агентии бонуфузи ҷаҳонии «Эс Пи Глобал Рейтингс» рейтинги қарзии Тоҷикистонро аз сатҳи «Би» ба «Би плюс» баланд бардошта, дурнамои онро «устувор» арзёбӣ намуд, ки ин яке аз далелҳои эътирофи байналмилалии дастовардҳои мо мебошад.

    Дар айни замон, ин эътирофи рушди босуботи иқтисоди кишвар, афзоиши даромади аҳолӣ, устувории пули миллӣ ва боло рафтани эътимоди байналмилалӣ ба иқтисоди миллии мо ба ҳисоб меравад.

    Таъмин гардидани устувории макроиқтисодӣ ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ имкон дод, ки дар 25 соли охир ба иқтисоди кишвар 760 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 337 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона карда шавад.

    Ин маблағҳо барои амалисозии ҳазорҳо лоиҳаи рушди зерсохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла роҳу нақлиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим равона гардиданд.

    Дар ин давра бахши хусусӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта, ҳоло беш аз 70 фоизи ҷойҳои кориро таъмин карда истодааст.

    Соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаи мамлакат дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзишманд гузошта, ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ фаъолона иштирок намуданд.

    Ба ифтихори ин ҷашни бузург аз ҷониби онҳо беш аз 1200 корхонаву коргоҳи саноатӣ, зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф, 1050 иншооти тандурустӣ, 960 майдончаи варзиш ва 2275 иншооти хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.

    Илова бар ин, бо саҳми онҳо 10 ҳазору 170 километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ гардида, 273 пул бунёд ва ба истифода дода шуд.

    Умуман дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.

    Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ, 734 пул бунёд гардидааст.

    Бо истифода аз фурсат, ба кулли шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

    Ҳозирини арҷманд!

    Татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшида, онро ба яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил дод.

    Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо аз 4 ҳазор гузашта, беш аз 11 баробар зиёд гардидааст.

    То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаву коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст.

    Дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 4,1 миллиард сомонии соли 2000 ба 66,4 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, 16 баробар афзоиш ёфт.

    Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 85 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешуд.

    Ҳоло ин нишондиҳанда аз 1400 гузашта, беш аз 16 баробар зиёд гардидааст.

    Дар баробари рушди бомароми соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, хӯрокворӣ, саноати сабук ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон як қатор самтҳои нави истеҳсолӣ низ ташаккул ёфтанд.

    Аз ҷумла истеҳсоли консентрати сурб, руҳ, сурма ва мис, металлҳои алоҳида, доруворӣ, техникаи кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт, техникаи маишӣ, маҳсулоти кабелӣ ва масолеҳи нави сохтмон ба роҳ монда шуд.

    Қобили зикри махсус аст, ки дар замони истиқлол дар кишвар бори аввал истеҳсолу содироти мис ба роҳ монда шуда, аз соли оянда истеҳсоли охан низ оғоз мегардад.

    Танҳо дар даҳ соли охир ба маблағи 163 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол шудааст.

    Аз натиҷаҳои зикршуда бармеояд, ки Тоҷикистон тавассути саноатикунонии босуръат ба кишвари истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти саноатии рақобатнок табдил ёфта истодааст.

    Рушди саноат, дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум аз таъминоти боэътимоди неруи барқ вобаста мебошад.

    Аз ин рӯ, мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишварро, ки боигарии асосии миллии мо мебошад, яке аз афзалиятҳои стратегии давлат муайян намудем.

    Дар даврони истиқлол барои рушди соҳаи энергетика 36 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 20 лоиҳаи дигар ба маблағи 23 миллиард сомонӣ идома дорад.

    Бо бунёди хатти баландшиддати «Ҷануб – Шимол» ва зеристгоҳҳои пуриқтидор тамоми қаламрави мамлакат ба як шабакаи воҳиди энергетикӣ муттаҳид карда шуд.

    Дар ин давра 300 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» ва неругоҳҳои офтобӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

    Аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2» мутаносибан ба маблағи 8,5 миллиард ва 3,2 миллиард сомонӣ бунёд гардиданд.

    Дар натиҷа беш аз 2300 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба кор андохта, иқтидори умумии энергетикии мамлакат ба 6700 мегаватт расид.

    Дар баробари бунёди иқтидорҳои нав, таҷдиду навсозии ҳамаи неругоҳҳои барқи обии амалкунанда зина ба зина ба роҳ монда шуд.

    Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, корҳои таҷдиди пурраи неругоҳи «Норак» дар ду марҳала ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ва неругоҳи «Сарбанд» ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ идома доранд.

    Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бунёди неругоҳҳои нав – «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» ва «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе», инчунин, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда беш аз 22 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуд.

    Ба мақсади тақвияти «энергетикаи сабз» ва гуногунсозии манбаъҳои тавлиди неруи барқ, ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

    Дар миёни иншооти энергетикии даврони истиқлол неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун лоиҳаи калидии энергетикии мамлакат ҷойгоҳи махсуси таърихӣ дорад.

    Итминони комил дорам, ки бо идомаи бомароми сохтмони неругоҳ ва ба истифода додани агрегати сеюми он соли 2027 Тоҷикистон ба ҳадафи пурра бо неруи барқ таъмин кардани аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ, яъне истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад.

    Ҳамзамон бо ин, мо тасмим гирифтаем, ки бо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи технологияҳои «сабз» то соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил диҳем.

    Дар баробари истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ низ яке аз ҳадафҳои стратегии миллии мо мебошад.

    Ислоҳоти амиқи аграрӣ ва дастгирии пайвастаи давлат ба рушди соҳаи кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшид.

    Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба аҳолии мамлакат 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 75 ҳазор гектари он дар солҳои 1995 – 1997, ки миёни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъруфанд, ҷудо карда шуд.

    Ин иқдоми саривақтӣ дар солҳои душвори гузариш дар рафъи хатари гуруснагӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо озуқаворӣ нақши ҳалкунанда бозида, ба ташаккули хоҷагидорони мустақил, беҳтар гардидани шароити зиндагӣ ва соҳиби манзил шудани миллионҳо нафар мусоидат намуд.

    Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба беш аз 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ замин ҷудо карда шуд.

    Яъне қариб 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

    Дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 85 миллиард сомонӣ расид.

    Дар ин давра истеҳсоли ғалла 6 баробар, картошка 12, сабзавот 11 ва мева 48 баробар зиёд гардид.

    Имрӯз сатҳи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ беш аз 85 фоизро ташкил медиҳад.

    Ҳоло маҳсулоти кишоварзии мо ба зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон содирот карда мешавад.

    Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлат ва заҳмати софдилонаи кишоварзони шарафманди мамлакат мебошанд.

    Бо истифода аз фурсат, ба деҳқонону хоҷагидорон ва ҳамаи кормандони соҳаи кишоварзӣ барои заҳмати содиқонаашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастархони мардум миннатдории самимӣ баён менамоям.

    Дар роҳи расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон низ пешрафти назаррас таъмин гардид.

    Бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ нахустин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон шабакаи ягонаи нақлиётии кишвар ташаккул ёфта, Тоҷикистон, ки се минтақаи он ҳар сол зиёда аз шаш моҳ аз ҳамдигар ҷудо мемонд, яъне аз кишвари сепорча ба як қаламрави воҳид табдил дода шуд.

    Тайи даврони истиқлол дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи 30 миллиард сомонӣ 63 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид.

    Дар натиҷа 3200 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 254 пул, 43 километр нақби нақлиётӣ ва дигар иншооти мураккаби роҳсозӣ бунёд гардиданд.

    Инчунин, 220 километр роҳи оҳан бо зерсохтори зарурӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, ки иқтидори транзитии кишварро тақвият бахшид.

    Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, таҳаввулоти босуръати ҷаҳон тақозо менамояд, ки тавассути рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ рақобатнокии иқтисоди миллӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

    Дар ин замина, Тоҷикистон истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъиро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, низоми молиявӣ ва фаъолияти соҳибкориро вусъат бахшида истодааст.

    Бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» саҳми кишвари мо дар пешбурди ин масъалаи мубрами рӯз мебошад.

    Ин иқдом ва фаъолияти марказҳои инноватсионии ватанӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда ба яке аз қутбҳои муҳимми таҳия ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи минтақа табдил ёбад.

    Ҳадафи мо аз рақамикунонӣ на танҳо ҷорӣ намудани технологияҳои нав, балки ташаккули иқтисоди ба дониш асосёфта, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рушди сармояи инсонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави пешрафт барои ҳар як шаҳрванд мебошад.

    Ин марҳалаи нави рушди Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар он донишу маърифат, навоварию ихтироъкорӣ ва неруи зеҳнии инсон дар баробари захираҳои табиӣ сарвати асосии давлат ба ҳисоб мераванд.

    Ҳамватанони азиз!

    Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ хуб дарк мекардем, ки ояндаи давлат ва миллат, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии наслҳои нав вобаста мебошад.

    Аз ин рӯ, рушди маориф ва тарбияи кадрҳои соҳибилму соҳибкасб яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ муайян карда шуд.

    Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3229 дар соли 1991 ба 4135 дар соли 2026 расид ва ҳамзамон бо ин, биноҳои аксари мактабҳо азнавсозӣ гардиданд.

    Дар маҷмуъ, тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ барои 1,8 миллион нафар хонанда ба маблағи умумии 8,4 миллиард сомонӣ муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта, ба истифода дода     шуданд.

    Теъдоди умумии хонандагон имрӯз ба 2 миллиону 462 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад.

    Имрӯз дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 66 ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 86 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 340 касб мутахассис омода карда мешавад.

    Агар соли 1992 дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 70 ҳазору 600 нафар донишҷӯ фаъолият дошта бошад, ин рақамҳо дар соли 2026 мутаносибан ба 51 ва 226 ҳазор расидаанд.

    Ҳоло зиёда аз 41 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоди мо дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд ва ҳар сол беш аз 6 ҳазор нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафта фиристода мешаванд.

    Аз оғози замони соҳибистиқлолӣ рушди илми тоҷик низ зери таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.

    Имрӯз иқтидори илмии кишвар пайваста тақвият ёфта, олимони тоҷик дар рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, татбиқи навовариҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодии мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

    Ҳоло дар кишвар 7 ҳазор нафар олимони соҳиби унвони илмӣ фаъолият доранд.

    Мо минбаъд низ барои рушди соҳаи илму маориф тамоми тадбирҳои заруриро меандешем, то фарзандонамон ва умуман мардуми Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии нав ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд.

    Зеро ҷомеае, ки афроди он аз саводу маърифат ва илму дониш бебаҳра мемонанд, ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва ҷаҳолату бесаводӣ, тавре ки борҳо таъкид намудаам, монеаи рушди ҷомеа гардида, онро ба вартаи ҳалокат меафканад.

    Фаромӯш набояд кард, ки рушду тараққиёти давлат, хусусан, дар замони пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ аз сатҳи донишу маърифати миллат вобаста мебошад.

    Агар илму маориф пояи маънавию зеҳнии пешрафти давлат бошад, тандурустӣ кафили солимии миллат ва неруи созандаи ҷомеа мебошад.

    Аз ин лиҳоз, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи тандурустӣ низ зери таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дошт.

    Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз мушкилоти муҳимтарини соҳаи тандурустии кишвар тарки ватан кардани беш аз 70 фоизи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ буд, ки соҳаро ба буҳрони ҷиддии норасоии мутахассисон рӯ ба рӯ сохт.

    Дар чунин шароити душвор Ҳукумати мамлакат тамоми имкониятҳоро барои ҳифзи саломатии мардум, нигоҳ доштани иқтидори кадрии соҳа ва тадриҷан барқарор намудани низоми тандурустӣ сафарбар намуд.

    Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар беш аз 40 ҳазор нафар табибон ва 228 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ омода карда шуда, 3 ҳазору 111 муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардид.

    Тақвияти заминаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат намуд ва имкониятҳои ташхису табобат дар дохили кишвар бамаротиб васеъ гардиданд.

    Дӯстони азиз!

    Истиқлоли давлатӣ ба марҳалаи нави эҳё, ҳифз ва муаррифии арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳанбунёди тоҷик оғоз бахшид.

    Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар кишвар 446 иншооти соҳаи фарҳанг бунёду таҷдид ва ба истифода дода шуданд.

    Бинои муосири Театри миллӣ, ки чорабинии тантанавии имрӯзаи мо дар он баргузор шуда истодааст, бузургтарин иншооти фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ ва туҳфаи арзандаи ҷашнӣ ба аҳли фарҳангу ҳунар ва кулли мардуми Тоҷикистон мебошад.

    Бо истифода аз фурсат, ба муҳандисону меъморону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёду ороиши ин иншооти муҳимми фарҳангӣ саҳм гузоштанд, барои заҳмати содиқонаашон сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

    Ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамкории самаранокро бо ЮНЕСКО ба роҳ монд.

    То соли 2026-ум 24 ёдгории таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ва 13 унсури фарҳанги мероси ғайримоддии тоҷикон дар ин созмон сабт     гардид.

    Бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири арҷгузорӣ ба ахтарони ҷаҳоншумули илму адаби тоҷик ва нақши осори таърихии кишвари мо дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ таҳти сарпарастии ЮНЕСКО 16 ҷашнвораву солгардҳо баргузор гардиданд.

    Ин дастовардҳо на танҳо ғановати фарҳанги миллии мо, балки фазои созандаи иҷтимоиро низ инъикос мекунанд, ки танҳо дар муҳити сулҳу оромӣ ва рушди босубот имконпазир аст.

    Дар ин давра шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар ройгон тақсим карда шуд.

    Мо хуб дарк мекунем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забону фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳо кафили пойдории давлати тоҷикон ва асолати тоҷикии мо дар асри пуртазоду пурмоҷарои XXI мебошад.

    Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, мероси таърихиву маънавӣ ва арзишҳои асили тоҷикона минбаъд низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеаи мо боқӣ хоҳанд монд.

    Ҳамватанони гиромӣ!

    Имрӯз занону бонувон ва ҷавонони тоҷик дар ҳама самтҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок доранд ва дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар нақши назаррас доранд.

    Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон нафар занону духтарони соҳибмаърифат ҳамчун роҳбару сиёсатмадор, олиму омӯзгор, табибу соҳибкор ва кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои дигар ба камол расида, дар пешрафти кишвар саҳми шоиста гузошта истодаанд.

    Мо саҳми арзишманди модарону бонувони мамлакатро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат ҳамеша қадр менамоем.

    Имрӯз бонувону занон дар соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – маориф 73 фоиз ва тандурустӣ 72 фоизи кормандонро ташкил медиҳанд.

    Мо бо ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистон ва дастоварду пешравиҳои онҳо ифтихор мекунем, аз онҳо, ки фарзандони даврони истиқлолу озодии кишварамон мебошанд, умеди зиёд дорем ва барои амалӣ гардидани ташаббусҳои созандаашон минбаъд низ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем.

    Ҳозирини гиромӣ!

    Қобили зикр аст, ки анъанаҳои давлатдории тоҷикон аз умқи таърих сарчашма гирифта, бо номи шахсиятҳои бузурги ориёитабор пайванди ногусастанӣ доранд.

    Куруши Кабир ҳамчун рамзи адолатпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар таърихи башарият мақоми хос дорад.

    Шашуми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид.

    Тоҷикистон тайи 35 соли истиқлол сиёсати хориҷии мутавозин, мусолиматомез ва созандаро пеш гирифта, бар пояи усули «дарҳои кушода» соҳиби мақоми шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.

    Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби 192 давлати ҷаҳон эътироф гардида, бо 186 кишвар робитаҳои устувори дипломатӣ дорад.

    Мо бо аксари ин кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пеш бурда, бо як қатор давлатҳои дӯсту ҳамҷавор сатҳи робитаҳои худро то зинаи шарикии стратегӣ боло бардоштем.

    Ҳамзамон бо ин, узвияти фаъолонаи Тоҷикистон дар даҳҳо созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ имкон фароҳам овард, ки давлати мо дар ҳаллу фасли масоили мубрами глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим, амният ва сулҳ ҳамчун иштирокдори калидӣ ва кишвари созанда муаррифӣ гардад.

    Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 қатънома қабул карда шуд, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор доранд.

    Чанде пеш бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» боз як тасдиқи саҳму талошҳои сулҳофарӣ ва ваҳдатпарварии давлати тоҷикон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад.

    Қабули ин ва дигар қатъномаҳо гувоҳи эътироф ва аҳаммияти ҷаҳонӣ касб кардани ташаббусҳои кишвари мо оид ба масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ, бахусус дар соҳаи обу иқлим ва сулҳ аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

    Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамзистии осоиштаи мардумони ҷаҳон ва муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя мебошад.

    Дар ин замина, ҳамкориҳои густурдаи минтақавӣ ба хотири таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ба сифати муҳимтарин самти сиёсати хориҷии давлати мо эътироф шудаанд.

    Моҳи марти соли гузашта ду санади таърихӣ – шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, ки аз дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ дар раванди ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ миёни кишварҳои мо мебошанд.

    Ҷаҳони муосир ҳоло ба марҳалаи нави таҳаввулоти геополитикӣ, иқтисодӣ ва технологӣ ворид гардидааст.

    Дар чунин шароит мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ва ташаккули ҷаҳоне ҳастем, ки дар он ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамаи давлатҳо эҳтиром карда мешаванд.

    Тоҷикистон фаъолияти худро ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим, «энергетикаи сабз», амнияти озуқаворӣ, сулҳ ва рушди устувор минбаъд низ густариш медиҳад.

    Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар ин давраи аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид ва имрӯз дар доираи манфиатҳои милливу давлатии худ ҳамкории гуногунҷанбаро бо аксари давлатҳои ҷаҳон пеш мебарад.

    Дӯстони азиз!

    Бунёдкорӣ ва ободонии саросари кишвар яке аз дастовардҳои барҷастаи даврони истиқлол мебошад.

    Имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба куллӣ дигаргун гардида, Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба рушд ва созанда эътироф шудааст.

    Дар солҳои истиқлол дар кишвари мо даҳҳо ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардиданд, ки ба ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти мардум ва зина ба зина беҳтар шудани шароити зиндагии онҳо мусоидат карда истодаанд.

    Ин ҳама пешрафту ободӣ самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошад!

    Мардуми Тоҷикистон дар муддати 35 сол, бо вуҷуди мушкилоти зиёд, ба хотири ободии сарзамини аҷдодии хеш содиқона заҳмат кашиданд.

    Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ ман дар назди мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсоз, озодидӯсту ватанпараст, бонангу номус, босабру таҳаммул, бунёдкору созанда, заҳматкашу қавиирода ва қаҳрамони тоҷик сари таъзим фуруд меоварам!

    Ҳамчунин, аз ҳамаи онҳое, ки дар давраи вазнини давлатсозӣ бо Роҳбари давлат содиқона ҳамкорӣ карданд, яъне вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони кумитаву идораҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ миннатдорам ва ба онҳо саломатӣ, камоли умр ва давлати пирӣ орзумандам!

    Ҳамватанони азиз!

    35 соли истиқлоли давлатӣ на танҳо як давраи сипаришудаи таърих, балки оғози марҳалаи нави масъулияти миллӣ мебошад.

    Ояндаи Тоҷикистон аз он вобаста хоҳад буд, ки мо то чӣ андоза метавонем дастовардҳои давлатсозии сеюним даҳсолаи гузаштаамонро ба сармояи рушди минбаъда табдил диҳем, то чӣ андоза метавонем соҳибихтиёрии давлатро бо рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ, таҳкими ниҳодҳо, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва иштироки фаъоли кишвар дар равандҳои байналмилалӣ пайваст намоем.

    Зеро истиқлол арзиши як насл нест.

    Истиқлол масъулияти пайвастаи наслҳост.

    Насли имрӯз бояд истиқлолро на танҳо ҳифз кунад, балки онро барои наслҳои оянда боз ҳам устувору неруманд ва пурмаъно ба мерос гузорад.

    Ин аст, ба андешаи мо, маънои аслии 35 соли истиқлоли Тоҷикистон ва моҳияти масири давлатсозии миллии тоҷикон.

    Ҳадафи мо бунёди Тоҷикистоне мебошад, ки то соли 2040 ба кишвари дорои иқтисоди саноативу технологӣ, «энергетикаи сабз», зерсохтори муосир ва сармояи инсонии рақобатнок табдил ёбад.

    То соли 2050 мо бояд иқтисоди ба дониш асосёфтаро ташаккул дода, рушди фарогири технологияҳои рақамӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъиро таъмин намоем.

    Дар ин роҳ рушди илму маориф, махсусан илмҳои дақиқ, технологияҳои муосиру инноватсия ва тарбияи наслҳои донишманду соҳибмаърифат аҳаммияти калидӣ хоҳад дошт.

    Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд кӯдакону наврасонро ба таҳсили босифат фаро гирем ва шароитеро муҳайё созем, ки ҳар як ҷавони кишвар имкони татбиқи дониш, истеъдод ва ташаббуси худро дар Ватани хеш пайдо намояд.

    Мо бояд рушди кишварро тавре таъмин намоем, ки ҳар як оила зиндагии шоиста, осуда ва босаодат дошта бошад.

    Маҳз чунин Тоҷикистон ормони мо барои даҳсолаҳои оянда мебошад.

    Ҳамватанони азиз!

    Таърих ба ҳар миллат имкониятҳои нодир медиҳад.

    Ба насли мо низ чунин имконият насиб гардид.

    Мо баъд аз ҳазор сол давлати миллии худро аз нав эҳё    намудем.

    Мо истиқлоли давлатиро ҳифз кардем.

    Мо сулҳу ваҳдатро барқарор сохтем.

    Мо Тоҷикистонро аз вартаи буҳрон ва нобудӣ ба шоҳроҳи пешрафти бомаром баровардем.

    Вале рисолати таърихии мо ҳанӯз анҷом наёфтааст.

    Зеро мо ҳанӯз дар оғози раванди таърихии давлатсозӣ қарор дорем ва бояд мушкилоту масъалаҳои зиёдеро ҳаллу фасл намоем.

    Ҳадафи олӣ ва вазифаи асосии мо аз он иборат аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафта, неруманд ва соҳибэътибори асри XXI табдил диҳем.

    Мо фарзандони миллати куҳанбунёде ҳастем, ки ҳазорсолаҳо анъанаи давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддун офаридааст.

    Мо ворисони Куруши Кабир, Дориюш, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, ибни Сино, Мавлонои Балхӣ ва ҳазорон нафар фарзандони таърихсозу фарзонаи миллат ҳастем.

    Аз ин рӯ, мо ҳақ надорем, ки нисбат ба фардои миллат бетараф бошем.

    Мо вазифадорем, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан ва самимона дӯст дорем, Ватани соҳибистиқлоламонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

    Имрӯз бо гузашти 35 сол бо итминони комил изҳор медорем, ки роҳи ояндаи Тоҷикистон танҳо ба пеш – ба сӯйи ободиву созандагӣ, илму маърифат, технологияву инноватсия ва пешрафту тараққиёт аст!

    Мо бояд ба наслҳои оянда давлатеро мерос гузорем, ки аз ҳар ҷиҳат ободу пешрафта бошад.

    Ин қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

    Эътимоди комил дорам, ки бо ваҳдати миллӣ, иродаи матин ва заҳмати созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон мо ба ҳамаи ҳадафҳои худ ноил мегардем.

    Итминон дорам, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дар асри XXI ба яке аз давлатҳои ободу пешрафта ва соҳибэътибори ҷаҳон табдил меёбад!

    Бигзор, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад!

    Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизи мо ҷовидон бошад!

    Пояндаву ҷовидон бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

    Зинда бод халқи шарафманду бузурги Тоҷикистон!

    Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз муборак бошад!

    Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ