Дар иртибот ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон аз ҷумла навишта шудааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ба Шумо самимонатарин табрикоти худро изҳор менамоям.
Рӯзҳои миллӣ барои бознигарии роҳи тайкардаи кишвар, саҳми он дар ҷомеаи байналмилалӣ ва ормонҳое, ки ояндаи онро муайян мекунанд, фурсати муҳим мебошанд. Онҳо ҳамчунин ба мо арзиши муколама ва ҳамбастагиро дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ хотиррасон менамоянд.
Ҷаҳони имрӯз бо имтиҳони таъхирнопазир рӯ ба рӯст: хотима додан ба ҷангҳо ва пешгирӣ аз сар задани ҷангҳои нав; муқовимат ба буҳрони иқлимӣ; коҳиш додани нобаробарӣ; ва таъмини истифодаи масъулонаи технологияҳои пешрафта. Ҳалли ин ва дигар мушкилот тақозо менамояд, ки тааҳҳудоти худро аз нав тақвият бахшем ва ба ҳамкориҳои бисёрҷониба содиқ бимонем, то сулҳу амният таъмин гардида, ба пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намоем ва ҳуқуқи инсонро ҳифз кунем.
Бори дигар, бо камоли хушнудӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин рӯзи фархунда беҳтарин орзуҳои худро мерасонам.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти олии маро қабул фармоед».
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш
***
«Ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти самимимонатарини маро ба муносибати иди миллӣ — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ноил гардида, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Муносибатҳои байни Маскав ва Душанбе дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба таври афзоянда рушд мекунанд, ки инро мулоқоти чанде пеши мо дар Бишкек ба таври комил тасдиқ намуд.
Мо, бешубҳа, муколамаи созандаву пурмазмун ва кори муштараки зичро ҷиҳати боз ҳам афзун намудани тамоми маҷмӯи робитаҳои мутаносибан судманди Россияву Тоҷикистон ба нафъи халқҳои ба ҳам дӯсти мо ва манфиати таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин, ба тамоми ҳамватанони Шумо хушбахтиву шукуфоӣ хоҳонам».
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
***
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Шарафмандам, ки ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям.
Дар тӯли 35 сол Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар эъмори давлатдорӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҷониби Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ин дастовардҳо сидқат шод аст.
Моҳи майи соли ҷорӣ мо мулоқот кардем ва якҷоя Шартнома дар бораи ҳусни ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, инчунин, Изҳороти муштараки Чин ва Тоҷикистонро дар бораи амиқсозии муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар давраи нав имзо намуда, нақшаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаро тарҳрезӣ кардем.
Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо барои пешбурди раванди ташаккули ҷомеаи дорои тақдири муштараки Чин ва Тоҷикистон баҳри ба даст овардани манфиатҳои бештар барои мардуми ду кишвар кӯшиш ба харҷ диҳам.
Ба Тоҷикистон шукуфоиву ободӣ ва ба мардуми тоҷик хушбахтиву саломатӣ таманно дорам».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
***
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Барои ман боиси ғояти хушнудӣ аст, ки ба Шумо ва мардуми шарифи Шумо дар таҷлили марҳалаи муҳим дар таърихи ғании Тоҷикистон — 35-умин солгарди Истиқлолият ҳамроҳ шавам.
Решаҳои нерумандии Тоҷикистон аз мардум ва зебогии табиати он маншаъ мегирад.
Аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани соҳибихтиёрии миллӣ, пайвандҳои иҷтимоӣ ва сиёсии шумо пайваста мустаҳкам шудаанд, ки ин боис ба густариши ҳамкориҳои стратегӣ ва иқтисодӣ бо Иёлоти Муттаҳида гардид.
Ман ҷонибдории устувори Шуморо аз сулҳу субот ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар тамоми ҷаҳон қадр мекунам ва бесаброна интизори идомаи муколамае ҳастам, ки ба он моҳи ноябри соли гузашта дар Кохи Сафед ҳусни оғоз бахшида будем.
Бонуи аввал низ ба ман ҳамроҳ шуда, таманниёти неки худро ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон мерасонад».
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп
***
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шарафёбам, ки аз самими қалб Шумо ва мардуми кишвари дӯсти Шуморо ба муносибати иди миллӣ — 35-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таманниёти неки худро изҳор намоям.
Дар ин давраи таърихӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо мардуми дӯсти Тоҷикистон ин ҷашни бузурги худро бо ба даст овардани натиҷаҳои баланд ва комёбиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо пешвоз мегирад.
Мехостам ба таври махсус ислоҳоти густурда ва корҳои созандаеро, ки дар кишвари Шумо дар роҳи баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва таъмини рушди устувор амалӣ мешаванд, инчунин, таҳкими ҳамаҷонибаи обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намоям.
Дар солҳои охир пайвандҳои бисёрасраи бародарӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии халқҳои ӯзбеку тоҷик — дӯстони азалӣ ва ҳамсоягони наздик, ки ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунанд, ба таври бесобиқа рушд ёфтанд.
Дар натиҷаи муколамаи пурмазмун ва гуфтушунидҳои созанда, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Ӯзбекистон дар моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифтанд, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамаҷониба, дарозмуддат ва мутаносибан судманди мо минбаъд низ ба хотири шукуфоии умумии халқҳоямон пайваста таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии комил, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳои бузург, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
***
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи мардуми Қирғизистон ва аз номи худам Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол аз таҳти дил табрик мегӯям.
Зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти васеъмиқёсро бомуваффақият амалӣ намуда, тамоюлҳои устувори рушди иқтисодиро таъмин мекунад ва дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Ба шарофати кӯшишҳои муштараки мо, муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон имрӯз ба сатҳи баланди шарикӣ расидаанд. Бо хушнудӣ мавҷудияти ҳамдигарфаҳмиро байни кишварҳоямон дар тамоми самтҳои муҳим қайд мекунам.
Дар натиҷаи иқдомҳо ва амалҳои муштараки мо масъалаҳои сарҳади давлатӣ ҳалли худро ёфтанд ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Бар он боварам, ки ҳамаи ин натиҷаи наздикии таърихӣ ва маънавии ду халқ, инчунин, сатҳи баланди эътимод байни ду давлати бародар мебошад.
Омодагии худро барои идомаи фаъолияти муштараки минбаъда ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ баҳри рушди давлатҳоямон ва ояндаи дурахшони халқҳоямон изҳор менамоям.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон муваффақиятҳо, ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
***
« Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, инчунин, аз номи худам сарфарозам ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти кишваратон ирсол намоям.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Туркманистон ба густариш ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳад.
Бо каноатмандӣ метавон қайд кард, ки кишварҳои мо дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию башардӯстӣ ва дигар самтҳо ҳамкориҳоро бомуваффақият ҳамоҳанг месозанд.
Ман комилан итминон дорам, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо талошҳои муштараки мо ба нафъи халқҳоямон минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва шукуфоӣ, ба аҳли оилаи Шумо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва ободӣ орзумандам»!
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов
***
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мехоҳам аз номи худам ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуматон табрикоти самимӣ ва беҳтарин орзуҳоямро иброз намоям.
Дар тӯли сию панҷ соли охир, таҳти роҳбарии дурбинона ва қатъии Шумо, Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлат, барқарорсозии суботи дохилӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, обрӯ ва мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам кардааст. Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳама дастовардҳои он бо номи Шумо алоқаманданд.
Хурсандибахш аст, ки дӯстӣ ва бародарии байни халқҳои мо, ки бо решаҳои муштараки фарҳангиву маънавӣ ва таърихӣ пайванд хӯрдаанд, рӯз аз рӯз мустаҳкамтар шуда, бо мундариҷаи нав ғанитар мегарданд. Бешубҳа, муколамаи фаъол дар сатҳи олӣ, тамосҳои мунтазам ва ҳамкории наздик шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими минбаъдаи ин равобит фароҳам меоранд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои Озарбойҷону Тоҷикистон ва шарикии стратегӣ, ки бар асоси эътимод ба ҳамдигар ва дастгирӣ бунёд ёфтаанд, дар оянда тавассути кӯшишҳои муштараки мо рушд ва тақвият хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи идона ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳи пойдор, шукуфоӣ ва неъмати зиндагии осоишта таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
***
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ассалому алайкум,
Фарорасии сиюпанҷумин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки таҷассумгари ҳокимияти миллӣ ва оғози дигаргуниҳои бунёдӣ дар роҳи рушду нумӯи он кишвар мебошад, ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамтабори Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯем.
Ин рӯйдоди фархунда ёдовари иродаи қавӣ ва ҳиммати волои мардуми Тоҷикистон дар роҳи истиқлол, иззат ва сарбаландӣ мебошад ва бешубҳа, ин дастоварди бузург мояи ғуруру ифтихори ҳамаи дӯстдорони фарҳангу тамаддуни муштараки мо дар ҷаҳон аст.
Пайвандҳои деринаи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва умумиятҳои тамаддунии ду кишвар ҳамвора сармояи бузурге барои таъмиқу густариши муносибатҳои бародарона будаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода, бар азми хеш барои тақвияти ҳарчи бештари ин равобит, пешбурди манфиатҳои мутақобил, таъмини суботу амнияти минтақа ва рушди фарҳангу адаби муштарак таъкид менамояд.
Инҷониб зимни таҷдиди табрикоти самимона ва истифода аз фурсат, барои Ҷаноби Олӣ аз даргоҳи Худованди бузург умри бобаракату иззат, тандурустӣ ва комёбиҳои рӯзафзун ва барои мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон саодат, ободӣ ва некрӯзии ҳамешагӣ орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
***
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин, аз номи худам ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.
Покистон ва Тоҷикистон аз муносибатҳои наздик ва бародарона бархӯрдоранд, ки бар пояи таърихи муштарак, ҳамбастагии амиқи фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила асос меёбанд. Боиси қаноатмандии зиёд аст, ки шарикии стратегии ду кишвар пайваста рушд ёфта, ҷонибҳо дар самти татбиқи ташаббусҳои муштарак, бахусус дар соҳаҳои таҳкими робитаҳои минтақавӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, мудофиа, энергетика ва табодули мардумӣ ҳамкории зич доранд.
Ҷаноби Олӣ, бесаброна интизори мулоқот бо Шумо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек ҳастам. Боиси хушнудӣ ва мояи ифтихор хоҳад буд, ки дар ин мулоқот дидгоҳҳои худро оид ба роҳҳои минбаъдаи таҳкими шарикии Покистону Тоҷикистон мубодила намуда, аз роҳнамоии арзишманди Ҷаноби Олӣ баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба баҳра барем. Ҳамзамон, мехоҳам даъвати самимӣ ва деринаи худро ба Ҷаноби Олӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Покистон бори дигар такрор намоям.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, хушбахтӣ ва комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтиром ва эътимоди олии маро қабул фармоед».
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф
***
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам Шуморо бо 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Халқи тоҷик ба ин санаи таърихӣ бо натиҷаҳои назаррас наздик шуд: соҳибихтиёрӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар мустаҳкам мегардад, иқтисодиёт рушд меёбад, шароити зиндагӣ ва меҳнати созандаи аҳолӣ беҳтар мешавад.
Дурандешии сиёсии Шумо ва муносибати ғамхоронаатон ба мероси таърихию фарҳангӣ кафолати рушди босуръати давлат гардиданд.
Ман дӯстӣ ва эътимоди байни худамонро, ки ҳамеша ҳамчун такягоҳ барои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Беларус ва Тоҷикистон, инчунин, таҳкурсии шарикии мустаҳками стратегӣ хизмат мекунанд ва ба манфиатҳои Минску Душанбе комилан ҷавобгӯ мебошанд, баланд арзёбӣ мекунам.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатӣ ва хушбахтӣ, ба сокинони Тоҷикистон бошад, сулҳу осоиш ва шукуфоӣ хоҳонам».
Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус
***
«Ҷаноби Олӣ,
Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлол сидқан табрик мегӯям.
Итминони комил дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни Арманистон ва Тоҷикистон, ки бар эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтаанд, дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба нафъи халқҳоямон минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян
***
«Ҷаноби Олӣ,
Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлол самимона табрик мегӯям.
Иқдомҳои пайвастае, ки таҳти роҳбарии Шумо амалӣ мешаванд, барои таҳкими давлатдории Тоҷикистон, рушди иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандони он аҳамияти муҳим доранд.
Изҳори умед менамоям, ки риштаҳои дӯстӣ ва анъанаҳои устувори эҳтироми ҳамдигарии мардумони арман ва тоҷик минбаъд низ ба пешбурди пайваста ва муттаҳидсозии кӯшишҳо ба нафъи рушди муколамаи сиёсии сатҳи баланд ва ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба бо барномаҳои ояндадор дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг ва илмиву гуманитарӣ мусоидат хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо саломатии комил, нерӯи беинтиҳо ва дастовардҳои навин дар татбиқи ҳама ташаббусҳоятон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон бошад, сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, эҳтироми амиқи маро бипазиред».
Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян
***
«Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худо ҳифзашон кунад
Асссалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу
Боиси хушнудист, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти кишварашон самимона табрику таҳниат гуфта, барояшон саломатию саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешрафт ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.
Дуруд ва қадрдонии маро лутфан бипазиред».
Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд
***
«Ҷаноби Олӣ,
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Аз номи Иттиҳоди Аврупо ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин табрикоти худро иброз менамоям.
Ин санаи муҳим фурсати муносибест барои ёдоварӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон ва орзуву ҳадафҳои мардуми он. Махсусан, нақши муҳими Тоҷикистонро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои об, энергетика ва пайвастагии минтақавӣ баланд арзёбӣ менамоям.
Таҳти роҳбарии шахсии Шумо ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя таҳким ёфта, аҳаммияти дипломатияи об ва иқдомҳои марбут ба иқлим дар рӯзномаи байналмилалӣ бештар шудааст. Ҳамчунин, саҳми созандаи Тоҷикистонро дар таҳкими суботи минтақавӣ ва талошҳои он ҷиҳати пешбурди амният ва таҳкими устуворӣ, аз ҷумла дар робита ба вазъ дар Афғонистон, баланд арзёбӣ менамоям.
Иттиҳоди Аврупо омода аст шарикии худро бо Тоҷикистон боз ҳам амиқтар намояд, аз ҷумла тавассути Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта, ки ҳоло мавриди музокирот қарор дорад, инчунин дар доираи ташаббуси «Global Gateway» дар самтҳои иттисоли минтақавӣ, об, энергетика, иқлим ва рақамикунонӣ.
Умедворам, ки ҳамкории зичи худро бо Шумо идома дода, барои пешбурди дидгоҳи муштараки мо оид ба Осиёи Марказии сулҳомез, ба ҳам пайваста, шукуфон ва устувор саҳм хоҳем гузошт.
Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед ва беҳтарин таманниёти маро барои сулҳу шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон бипазиред».
Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта
***
«Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Бо камоли хушнудӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро мерасонам.
Тамосҳои сатҳи баланд, ки соли гузашта баргузор шуданд, ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни кишварҳои мо саҳми назаррас гузоштанд.
Дар пешманзари узвияти Австрия дар Шӯрои Амнияти СММ, мо махсусан ба ҳамкории зич дар арсаи бисёрҷониба умедворем.
Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам шахсан ба Шумо тамоми хушиҳои рӯзгор ва инчунин, ба мардуми Тоҷикистон ояндаи хушбахтонаро орзу намоям».
Президенти федеролии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен
***
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Табрикоти самимии маро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар роҳи такмил ва навсозии тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ, таҳкими обрӯю эътибори кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин, таҳкими нақши хоси Душанбе ҳамчун пешбари ташаббусҳои муҳими глобалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Сиёсати хориҷии пайгиронаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Шумо муайян карда мешавад, боиси он гардид, ки кишвар тавонист бо аксари давлатҳои ҷаҳон дар асоси баробарӣ, манфиати дуҷониба ва эҳтироми якдигар муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстона барқарор намояд.
Саҳми шахсии Шумо дар ташаккул ва рушди институтсионалии Созмони ҳамкории Шанхай хеле назаррас аст. Мехоҳам барои таваҷҷуҳи доимии Шумо ба фаъолияти ин созмон миннатдории самимӣ изҳор намоям. Бовар дорам, ки талошҳои бисёрсолаи Шумо дар роҳи густариши ҳамкориҳо дар паҳнои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби наслҳои зиёд ба таври шоиста арзёбӣ хоҳанд шуд.
Дар ин рӯзи саид ба Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон — сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоии бештар орзумандам».
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев
***
Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ворид гардиданд.
Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.



9