Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

    2026-09-09
    8

    9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

    Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.

    Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ гардид ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфт.

    Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин марҳалаи тақдирсоз мардуми сарбаланду истиқлолхоҳи тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он ба хотири ҳифзи давлатдории миллии худ сарҷамъу муттаҳид шуданд ва Ватани маҳбуби хешро аз ин фоҷиа наҷот доданд.

    “Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯйдоди бузург, яъне истиқлолро барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ намуданд.

    Зикр гардид, ки пешрафту ободиҳое, ки бо дастони мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як фарди Ватан дар 35 соли гузашта анҷом дода шуданд, аз нигоҳи арзиши таърихӣ ба 100 сол баробар аст.

    Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди мо дар ин муддат барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, истиқрори сулҳи пойдору бебозгашт ва расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо муборизаву фидокориҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ба даст омад.

    Таъкид шуд, ки муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат насле ба дунё омад ва ба камол расид, ки ҳисси баланди миллӣ дорад, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст аст, дар пайи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар аст ва омода аст, ки истиқлолу озодии Ватани худро ҳимоя намояд ва кишвари худро боз ҳам ободу пешрафта гардонад.

    “Мо бо халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва аз ҳар яки онҳо умеди зиёд дорем!”, -таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътирофи Тоҷикистон ва қабули ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар андешаронӣ карда, ташаббуси нави Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 — 2036”-ро исботи ин гуфтаҳо номиданд.

    Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, сокинони пойтахти зебоямон, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи иштирокдорони роҳпаймоии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи нек, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу намуданд.

    Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона бо иштироки сокинони пойтахт, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва наврасони накуиқболу хуштолеъи даврони соҳибистиқлолӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

    Аз руйи ҳаҷм ва шукуҳ ин калонтарин роҳпаймоии идона дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар пойтахти Тоҷикистони азиз буд, зеро дар он беш аз 120 ҳазор нафар аз назди минбари асосӣ гузаштанд.

    Дар роҳпаймоӣ роҳбарону кормандони вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, муассисаҳои олии таълимӣ, намояндагони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, варзишгарон, бунёдгарони неругоҳи обии Роғун, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои мухталиф, сокинони пойтахт ва ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд.

    Ин чорабинии бошукуҳи идона барои арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.

    Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои идона дар фазои тантанавӣ бо муҳаббату садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳпаймоӣ намуданд.

    Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои идона барои таҳкими ҳисси худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ, ва гиромидошти неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ замина фароҳам меоранд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ