Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” ва Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” бо иштироки  доираи васеи кормандон ҳамоиши идона таҳти унвони “Истиқлолият — шарафу номуси мост!” баргузор гардид.

    Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” ва Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” бо иштироки  доираи васеи кормандон ҳамоиши идона таҳти унвони “Истиқлолият — шарафу номуси мост!” баргузор гардид.

    2026-09-21
    6

    Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” ва Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” бо иштироки  доираи васеи кормандон ҳамоиши идона таҳти унвони “Истиқлолият — шарафу номуси мост!” баргузор гардид.

             Дар оғози чорабинӣ директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ ва сарнавиштсоз табрику таҳният гуфт.

    Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик дар асри нав буда, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба марҳилаи нави рушд, суботи сиёсӣ ва ободонии беназир қадам гузошт.

    Дар идомаи ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО” Ҳақназар Каримзода ва муҳаррири варзидаи шуъбаи филмҳои миллии Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”Ғайратшоҳи Аҳмадзод дар бораи дастоварду музаффариятҳои замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва сиёсати хориҷӣ баромад карданд.

     Зикр карда шуд, ки таҷлили ин ҷашни бузург нишони асолати миллӣ, муттаҳидӣ ва афзоиши рӯҳияи ватандӯстии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

    Дар идома як қатор кормандони фаъоли Муассисаи давлатии телевизиони  “Синамо”  барои  фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳа бо нишони Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” сарфароз  гардонида шуданд.

     

     

     

     

     

     

     

     

     

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ