Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд

    2026-09-21
    10

     Хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолӣ иншооти навбатӣ дар шаҳри Истиқлол буд, ки 21 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. 

    Оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд аз масофаи зиёда аз 17 километр оварда шуда, боиси аз байн рафтани мушкилоти мавҷудаи сокинон дар ин самт гардид.

    Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар иттилоъ дода шуд, ки хати оби нӯшокӣ бо қубурҳои қутрашон 250 миллиметра ва насби таҷҳизоти махусуси худҷорӣ оварда шудааст.

    Барои кашидани хати оби нӯшокӣ корҳо тибқи лоиҳа моҳи ноябри соли 2024 оғоз гардида, дар сохтмони он 150 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудааст.

    Бо амалӣ шудани тадбири муҳимми иҷтимоӣ аҳолии шаҳри Истиқлол ҳамчунин барои кишту парвариши сабзавоту зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ имконият пайдо кардаанд.

    Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истиқлол тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуд ва натиҷаҳо дар ҳама бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, дучанд гардиданд.

    Сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватан ва пешрафту дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат оянда ҳам дар доираи марҳилаи нави корҳои созандагӣ саҳми назарраси худро дар тадбирҳои созандагӣ мегузоранд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ