Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон бо таҷҳизоти истеҳсоли давлатҳои пешрафта таъмин шуд

    Литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон бо таҷҳизоти истеҳсоли давлатҳои пешрафта таъмин шуд

    2023-04-02
    432

     

    Мутобиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон» ба маблағи бештар аз як миллион сомонӣ техникаву таҷҳизоти муосир дастрас ва дар ихтиёри донишҷӯён гузошта шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

    Ин литсей барои хоҷагии халқ аз рӯи 9 ихтисос мутахассис омода мекунад. Баъди дастрас гардидани таҷҳизоти нав акнун донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки дар баробари баланд бардоштани малакаи касбии худ ҳамчунин баъзе аз маҳсулоти саноатиро истеҳсол ва ба фурӯш гузоранд.

    Директори Литсеи касбӣ-техникӣ гуфт, ки бинои чорошёнаи литсей 10 сол пеш бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ дар ҳузури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Қаблан дар ин таълимгоҳ 200 донишҷӯ таҳсил мекард, аммо баъди пурра ба истифода додани бинои нав теъдоди донишҷӯён ба 425 нафар расид.

    Бештари довталабон шавқи таҳсил дар бахшҳои кафшергари барқию газӣ, дӯзандагию дуредгарӣ доранд ва барои омӯзиши ҳаматарафаи ин ихтисосҳо дар литсей ҳам омӯзгорони ботаҷриба ва ҳам таҷҳизоти пешрафта мавҷуд аст. Илова бар ин, омӯзгорону донишҷӯён барои такмили дониши назариявию амалии худ ба шаҳри Хоруғ фиристода мешаванд. Ба наздикӣ чанд нафар омӯзгор аз курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, ки бо ҷалби мутахассисон аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, баргаштанд. Онҳо ҳоло дониш ва таҷрибаи андӯхтаашонро ба шогирдон меомӯзанд.

    Литсеи касбӣ-техникӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки тибқи он то моҳи сентябри соли равон  муассисаҳои таълимии ноҳияро  бо либоси ягонаи талабагӣ таъмин менамояд.

    Роҳбари литсей изҳор дошт, ки хатмкардагони литсей дар  Неругоҳи барқӣ-обии «Роғун» ва Неругоҳи хурди барқӣ-обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа кор мекунанд. Роҳбарияти ин неругоҳҳо аз дониш ва лаёқату ҳунари онҳо қаноатманд мебошанд.


     ХОРУҒ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ