Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд

    2026-10-01
    7

    1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

    Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия арҷ мегузорем.

    Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар пешбурди раванди ҳамкорӣ муҳим дониста шуд.

    Ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

    Масоили таҳкими робитаҳо дар самтҳои нақлиёт ва логистика, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ шуд.

    Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша сурат гирифт.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ