Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конфронси ҷумҳуриявӣ доир карда шуд

    Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конфронси ҷумҳуриявӣ доир карда шуд

    2023-04-03
    305

    29 март бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Энергияи сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов дар ин донишгоҳ хабар доданд.

    Иштирокдорон оид ба ташаббусҳои беназири Президенти мамлакат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурӣ ва роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидаанд, ки ин мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад».

    Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуда буданд, «Тоҷикистон дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра ҷойгир аст. Истифодаи чунин захираҳо яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, идоракунии самараноки унсурҳои дигари он, аз ҷумла захираҳои обӣ, экология ва рушди устуворро таъмин менамояд».

    Дар конфронс дар мавзуъҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон», «Давраҳо ва равандҳои глобалии экологии рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пиряхҳо- танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин» ва ғайра маъруза пешниҳод гардид.


    КӮЛОБ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ