Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд

    2026-10-04
    8

    4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бинои Беморхонаи хусусии Тибби Ҳулбукро мавриди истифода қарор доданд.

    Беморхонаи хусусӣ бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳбудии сифати хизматрасониҳои муосири тиббӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоализода сохта шудааст.

    Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди муассисаи нави тиббӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2025 гузошта шуда, иншоот дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати хуб бунёд гардид.

    Зимни шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои ташхису муолиҷа дар муассисаи мазкур, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки беморхона аз шуъбаҳои занона, асаб, кӯдакона, калонсолон, ҷарроҳӣ, эҳё ва дигар шуъбаҳои муҷаҳҳаз иборат мебошад.

    Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳон буда, истифодаи онҳо ба рушди соҳаи тандурустӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

    Беморхона дар самти ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳои хунгард низ имкониятҳои васеъ дорад. Ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири тиббӣ дар беморхона таҷҳизот барои амалиёти ангиографӣ ва гузоштани стен насб карда шудааст, ки ин дар минтақаи Кӯлоб таҷрибаи аввал мебошад.

    Дар беморхона 50 корманди соҳа, ки дорои тахассуси баланди касбӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани чунин шароити хизматрасонии тиббӣ ба сокинонро аз ҷониби соҳибкор нишони ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини солимии ҷомеа маънидод карданд.

    Дар беморхона ошхона бо 30 ҷойи нишаст мавҷуд буда, дар он барои табобатгирандагон хӯрокҳои парҳезӣ пешниҳод карда мешавад.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати табибон барои содиқона иҷро намудани рисолати пуршараф дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

    Ҳудуди иншоотро гулу буттаҳо дарахтони ороишӣ зинати дигар медиҳанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ