Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз шаҳри Ваҳдат 340 ҷавон ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардид

    Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ аз шаҳри Ваҳдат 340 ҷавон ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардид

    2023-04-04
    322

    Бахшида ба мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат  барномаи фарогир ва хотирмон доир шуда, зиёда аз 340 даъватшаванда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуи неку дуои падару модарон  ба хизмат равона шуданд.  Дар ин хусус ба  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

    Дар маросим масъулини шаҳри Ваҳдат  изҳор доштанд, ки «хизмат дар сафи артиш, ҳимояи марзу буми Ватан- Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди боору номус ва ватанхоҳ буда, ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб карда мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад.  Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки шаҳри Ваҳдат бо ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор намуда, рӯзҳои наздик нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро менамояд».

    Гуфта шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва бо истифода аз имконияти мавҷуда дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳал гардида, сохтмон ва навсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат меёбад. Пас дар чунин шароит ҳар ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне хизмат ба Ватан – Модар таъхир накарда, ба ҳифзи марзу буми сарзамини хеш камар бубандад.

    Дар ҳамоиш ба зиёда аз 120  наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран шомил шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

    Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшавандагону волидайни онҳоро шод гардонид.


    ВАҲДАТ, 04.04.2023./АМИТ «Ховар»https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ