Шуруъ аз 4 – уми марти соли 2027 филми нави ҳунарии «Татяна Викторовнаи аҷиб» бо иштироки ҳунарпешагони маъруф Виктория Исакова ва Милош Бикович дар кинотеатрҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта мешавад.
Коргардони филм Алексей Кокорин мебошад, ки бо ҳунару маҳорати худ дар офариниши филмҳо маъруф аст.
Филм дар бораи омӯзгори забони англисӣ — Татяна Викторовна қисса мекунад, ки дар шаҳри Бугулма ба таълиму тарбия машғул аст. Рӯзе пас аз 25 соли ғоиб будан Сергей Лисов нахустин кайҳоннаварди зодаи шаҳр ва ҳамсинфи собиқи Татяна Викторовна ба Бугулма бармегардад. Бозгашти ӯ оғози силсилаи дигаргуниҳое мешавад, ки на танҳо ба ҳаёти худи омӯзгор, балки ба тамоми мактаб таъсир мерасонанд.



12