Филми нави «Ҳашамати сангин», ки навори он алакай аз ҷониби кинотеатри онлайнии “Wink” дар сомонаҳои расмӣ ба намоиш гузошта шудааст, рӯзҳои наздик пешниҳоди бинандагон мегардад. Дар нақшҳои асосӣ Иван Янковский ва Паулина Андреева ҳунарнамоӣ кардаанд.
Қаҳрамони асосии филм Ксения бо як соҳибкори сарватманди соҳаи сохтмон издивоҷ кардааст. Рӯзе ӯ тасодуфан маъшуқаи шавҳарашро ба қатл мерасонад. Акнун барои ҳифзи мақоми иҷтимоии худ ва раҳоӣ аз ҷавобгарӣ ба Ксения лозим меояд, ки ба фурӯши ҷузвдонҳои қалбакии тамғаҳои гаронбаҳо машғул шавад. Дар ин роҳи душвор танҳо бародараш, ки ба тозагӣ аз маҳбас озод шудааст, кумак мерасонад.
Коргардони филм Иля Аксенов буда, продюсери эҷодии он Иля Власевский мебошад. Санаи дақиқи нахустнамоиши филми мазкур ҳанӯз муайян нест.



12