Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    ДАР “КОХИ СУРУШ” НАХУСТНАМОИШИ СИЛСИЛАФИЛМИ «ГУЛШАН» БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

    ДАР “КОХИ СУРУШ” НАХУСТНАМОИШИ СИЛСИЛАФИЛМИ «ГУЛШАН» БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

    2026-10-13
    8

    Имрӯз, 13 октябр дар “Кохи Суруш”-и Душанбе нахустнамоиши фасли аввали силсилафилми нави тоҷикӣбономи«Гулшан»баргузормешавад. Лоиҳааз тарафи киностудияи «Довфилм» дар коргардонии МуҳиддиниМузаффартаҳия шудааст. Нақшиасосиро дар он СумаяРаҷабова, ғолибибахши«Миссмаҳбубидилҳо»-иозмуни«МиссДушанбе– 2026»иҷрокардааст.
     
    Меҳвари асосии «Гулшан» сарнавишти духтари ҷавонест, ки аз як деҳаи дурдаст барои таҳсил ба Душанбе меояд. Қаҳрамон дар пойтахт бо муҳити нав, орзуҳо, муҳаббат, душвориҳои зиндагӣ ва қарорҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки метавонанд тамоми сарнавишташро дигар кунанд.
    Муҳиддини Музаффар ин асарро драмаи иҷтимоӣ-равонӣ номидааст. Ба гуфтаи ӯ, «Гулшан» қиссаи духтарест, ки аз таҳқиру шикаст гузашта, барои расидан ба қудрат, истиқлол ва муваффақият мубориза мебарад.  
    Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа, ба гуфтаи таҳиягар, офаридани симои нави зани ҷавони тоҷик аст, духтаре, ки орзу дорад, мехонад, меомӯзад, мустақилона қарор қабул мекунад ва барои сохтани ояндаи худ талош меварзад.
     
    Дар силсилафилм ҳамчунин ҳунармандони ботаҷриба Лутфулло Давлатзода, Фирӯза Раҳмонова, Искандар Каримов, Малоҳат Абдуллоева ва Замира Юлдошева ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба иттилои таҳиягарон силсилафилм аз 90 қисм иборат хоҳад буд.

     

     

     

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ