13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бо ифтитоҳи фосилавии бинои нави муассисаи таълимии рақами 58 бо 20 омӯзгор дар деҳаи Ҷавонони деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав барои 720 хонанда дар ду баст заминаи таълимӣ муҳайё гардид.
Муассиса аз 12 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он тамоми лавозимоти хониш фароҳам оварда шудааст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 12 ҳуҷра ва толори асосӣ бо 400 ҷойи нишаст иборат буда, дар он барои тамрину омодагии ҳунармандон ва баргузории ҷашну чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ шароити мусоид фароҳам шудааст.
Бинои навбунёд барои аҳли фарҳанг ва сокинони ноҳия дастоварди хуби фарҳангӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо маркази ташхисию табобатии Табиб-2013 тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Марказ барои қабули то 30 бемор дар як вақт пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташхису табобати беморон бунёд шудааст.
Пас аз ба фаъолият оғоз намудани иншооти соҳаи тандурустӣ 30 мутахассис соҳиби кори доимӣ гардида, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар марказ ҳуҷраи қабул, толорҳои тавонбахшӣ, варзишӣ, ҳуҷраҳои кории табибони бемориҳои дарунӣ, аз ҷумла духтури занона, асабшинос, ҷарроҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд.
Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи Осиё аз иншооти навбатии саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав мебошад, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳоло дар корхона 20 мутахассис ба кор ҷалб гардида, дар он истеҳсоли 10 намуди профилҳои пластикӣ ва дару тирезаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Маҳсулот бо назардошти талаботи бозори дохилӣ ва эҳтиёҷоти соҳаи сохтмон омода гардида, барои фурӯш, асосан, ба ноҳияи Шаҳринав ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар пешниҳод карда мешавад.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хишти Шаҳринав, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 90 миллион хишт мебошад, расман оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иншоот бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини талаботи бозор аз тарафи соҳибкори ватанӣ Имомалӣ Шоев бунёд ва дар он 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидааст.
Фосилавӣ ба истифода додани майдончаи болопӯшида ва толори варзишӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 11 дар деҳаи Ободонии ноҳияи Шаҳринав сокинону ҷавононро хушҳол намуд.
Майдонча бо паҳаноии 20 ва дарозии 40 метр бунёд шуда, дар он барои машғул шудан бо машқу тамрин, аз ҷумла бозии футбол, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло аз майдончаи варзишӣ сокинони деҳаҳои Ободон, Шарафи 1 ва Шарафи 2 истифода менамоянд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити як қатор иншооти навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ, бунёди муассисаву корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинон дар деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири насли наврас ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав бунёди 297 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То таҷлили ҷашн 318 иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг сохта, ба истифода дода шуд, ки 108 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.



7