Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Хатлон баҳри ҳавасмандии омўзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

    Дар Хатлон баҳри ҳавасмандии омўзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

    2023-04-06
    311

    Рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳои омўзгорӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии муаллимон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрўз дар ҷаласаи ҷамъбастию натиҷагирии соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар се моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

    Ҷаласаи мазкур дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён доир гардида, чанде аз мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Фархор оид ба дастоварду муваффақият ва камбудию норасоиҳои соҳа ҳисобот доданд.

    Гуфта шуд, ки дар вилоят бо дастгирии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва соҳибкорони бонангу номус ба як зумра омўзгорони ниёзманд барои бунёди манзили зист қитъаи замин ҷудо гардид. Ҳамчунин ба онҳо кумаки молӣ расонида шуд, ки барои бартараф гардидани норасоии кадрҳои омўзгорӣ, махсусан дар деҳоти вилоят мусоидат намуд. Дар оянда низ баҳри ҳавасмандии омўзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

    Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад.

    Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид.

    Хотиррасон мешавем, ки тибқи нақша, барномаи мазкур дар ду марҳила- солҳои 2022-2024 ва 2024-2027 амалӣ гардонида шуда, аз се замима иборат аст: сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Марҳилаи дуюм, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд. Тибқи замимаи сеюм таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои он ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёна, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.


    ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ