Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд

    2026-10-19
    3

    19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

    Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.

    Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад.

    Дар бинои нави раёсати маорифи ноҳия барои фаъолияти самараноки кормандон тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Муҳити мусоиди корӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва фароҳам будани шароити зарурӣ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони соҳа заминаи мусоид мегузорад.

    Бунёди чунин иншооти замонавӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва омӯзгорон буда, ба таҳкими инфрасохтори соҳа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.

    Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави раёсати маориф, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ