Тибқи маълумоти шуъбаи минтақавии ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бар асари боронҳои пуршиддати 3-4 апрел дар километри 11-уми шоҳроҳи байналмилалии Данғара-Бохтар дар байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Сангтӯда 10 қубури обгузар ва 2 — 3 километр роҳи мошингард қисман шуста шудааст. Ҳамзамон оғили як сокини деҳа хароб шуда, як сар чорвои калон ва даҳ сар чорвои хурд талаф ёфтааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 4 апрел, тахминан соати 00:20 бар асари боронҳои шадид сели бузург ба хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Сайфидин Кабуд, деҳаҳои Селга ва Пахтакори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зарар расонид. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷ гузориш дод, ки ба 66 хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон обу лойқа даромада, 1 манзил дар деҳаи Пахтакор қисман зарар дидааст.
Илова бар ин дар деҳаи Селгаи Ҷамоати деҳоти С. Кабуд ба 159 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромада, зарари моддию иқтисодӣ расидааст.
Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб, бар асари боронҳои пуршиддати 3-4 апрел сел қубури бузурги оби нӯшокии диаметраш 300 мм-ро дар сойи Тебалай, ки 1 апрели соли равон аз тарафи Муассисаи давлатии обу корези шаҳр барқарор шуда буд, дубора хароб намудааст.
Ҳамзамон иншооти ёрирасони сокинони деҳаи Тудакафш дар натиҷаи баланд шудани оби сойи Тебалай қисман фурӯ рафт.
Дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар мавзеи ба ҳам омадани сойи Зиракӣ бо Даҳанасой садди муҳофизатии Сойи Даҳана ба масофаи 150 метр рахна гардида, тавассути заминҳои кишт ба пули роҳи мошингузари самти фурудгоҳи байналмиллалӣ таҳдид намуда, як қисмаш ба сутунҳои пул ва роҳ расид. Барои пешгирӣ намудан аз харобии пул ва роҳ техникаҳои муҳандисӣ: 1 булдозер, 1 мехлопата ва 1 мошини боркаши «Камаз» ҷалб гардид. Ин иқдом имкон дод, ки ба зудӣ маҷрои об дар қисмати боло тағйир дода шавад ва хатар ба пулу роҳ кам гардад.
Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана, дар мавзеи Гулрез 110 метр иншооти соҳилбандӣ аз баланд шудани оби сойи Даҳана зарар дид. Дар айни замон аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо ҷалби техника корҳои хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ дар мавзеи мазкур идома дорад.
Ҳаҷми зарар аз тарафи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлоб муайян карда мешавад.
Тибқи маълумоти Шуъбаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, 4 апрел дар деҳаи Тебалай, Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муминобод бо ҷалби 2 техникаи мехлапата ва 13 сокини деҳаи мазкур дар шафати чапи сойи Тебалай 33 тахтасанги оҳану бетонӣ хобонида шуд.
Дар натиҷаи боронҳои пай дар пайи 3-4 апрел дар Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов, дар мавзеи деҳаи Ниҳолпарвар то деҳаи Хоҷаи Шом қисман шусташавии садди муҳофизатии дарёи Ёхсу мушоҳида карда шуд.
Аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи мазкур дар ноҳияи Восеъ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Восеъ ва масъулони ҷамоати деҳот дар мавзеъҳои харобгардидаи садди муҳофизатӣ 62 тахтасанги оҳану бетонӣ хобонида ва бо сими 8 мм мустаҳкам кард
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»https://khovar.tj/