Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд

    2026-10-24
    1

    24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Оби Гарм санги асос гузоштанд.

    Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.

    Зимни шиносоӣ ба Савари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии роҳи мошингард 70 километрро ташкил медиҳад ва он аз ду хати ҳаракат дар ду самт иборат буда, паҳноии қисми ҳаракат 10–12 метр ва паҳноии канори роҳ 2,5 метрро ташкил хоҳад дод.

    Дар доираи лоиҳа, инчунин, бунёди роҳҳои пиёдагард ба дарозии умумии 16 ҳазору 600 метр, насби 1850 аломати роҳ, 1500 метр панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва иҷрои корҳои дигари муҳандисиву инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.

    Тавре таъкид гардид, барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол, сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳангоми интиқоли молу маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

    Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки роҳи мошингарди Ваҳдат–Роғун бо ҳама инфрасохтори зарурӣ дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад.

    Татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардад.

    Дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои пайвасткунанда дар доираи Лоти 3 шоҳроҳи Обигарм–Нуробод шинос шуданд.

    Пули нав, ки аз болои обанбори Неругоҳи Роғун мегузарад, дарозиаш 920 метр ва дарозии роҳҳои пайвасткунандаи он 1,5 километрро ташкил медиҳад.

    Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ имкониятҳои ҳаракати нақлиёт дар ин масир беҳтар хоҳанд шуд.

    Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки пул аз 8 такягоҳ ва 78 мехсутун иборат буда, корҳои пармакунӣ ва бетонрезии мехсутунҳо пурра ба анҷом расидаанд.

    Ҳамзамон, дар сутунпояҳои пул корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ ба таври шабонарӯзӣ идома ёфта, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ техникаву механизмҳои зарурӣ истифода мешаванд.

    Дар баробари сохтмони пул, корҳои омодасозӣ ва бунёди роҳҳои пайвасткунандаи он низ идома доранд.

    Дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 73 техникаву механизми пуриқтидори сохтмонӣ ва беш аз 200 мутахассиси ватаниву хориҷӣ ҷалб шудаанд.

    Татбиқи лоиҳа аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии боэътимоди байналмилалӣ  таъмин карда мешавад.

    Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё сурат мегирад.

    Амалӣ гардидани лоиҳа ба беҳтар шудани шароити ҳаракати нақлиёт, рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа ва истифодаи самараноки имкониятҳои нақлиётии кишвар мусоидат хоҳад кард.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ