Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” наворбардории силсилафилми навбатии худро, ки аз 2 фасл ва 20 қисм иборат мебошад, таҳти унвони “Гумроҳ” оғоз намуд.

    Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” наворбардории силсилафилми навбатии худро, ки аз 2 фасл ва 20 қисм иборат мебошад, таҳти унвони “Гумроҳ” оғоз намуд.

    2026-10-26
    9

    Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” наворбардории силсилафилми навбатии худро, ки аз 2 фасл ва 20 қисм иборат мебошад, таҳти унвони “Гумроҳ” оғоз намуд.
          Ин дуюмин филми бисёрқисматаи ин муассиса мебошад, ки айни замон наворбардории он бо дастгирии Кумитаи телевизиони ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
         Феълан ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ таҳия намудани ин силсилафилм гурӯҳи эҷодӣ ва техникии Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” бо саркоргардони муассиса Муҳаммадрабии Исмоил дар майдони сабт қарор доранд.
          Ин силсила аз рӯи асари ходими сиёсӣ ва фарҳангӣ Латофат Насриддинова “Мизони адолат” рӯи экран мебарояд.
         Фасли аввали ин офарида, ки аз 10 қисмат иборат мебошад, то моҳи январи соли 2027 таҳияву тадвин ва пешниҳоди ҳаводорони синамо мегардад.
        Қабл аз оғози наворбардории силсилафилми мазкур барои иштирок ва ҷалби ҳунармандон дар Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” кастинг доир шуда буд.
        Ҳоло дар ин лоиҳа ҳунармандони ҷавон ва чеҳраҳои маъруфу касбии синамои тоҷик, ҳамзамон ҷавонону гулдухтароне, ки дар кастинг маҳорати хубӣ нақшофарӣ нишон доданд,ҷалб шудаанд.
          Ёдовар мешавем, ки бори нахуст Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” соли равон дар корзори нангу номус Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” силсилафилми “Неруи ишқ”-ро бо 5 қисм дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35-cолагии Истиқлоли давлатӣ таҳия ва тавассути телевизион манзури дӯстдорони синамо гардонид.
      Синамо-муаррифгари таъриху фарҳанг ва синамои миллӣ дар арсаи ҷаҳон!

     

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ