Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд

    2026-10-27
    25

    27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд.

    Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои густариши сармоягузорӣ баррасӣ гардид.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонкро яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар рушди иқтисод, инфрасохтор ва бахши хусусӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

    Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Бонк аз соли 1993 идома дошта, шумораи лоиҳаҳои он дар Тоҷикистон ба 201 ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба беш аз 1,1 миллиард евро расидааст.

    Аҳамияти Ёддошти тафоҳуми байни Тоҷикистон ва Бонк оид ба Харитаи роҳи стратегии бисёрсолаи сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2030 ба маблағи 900 миллион доллар таъкид шуд.

    Ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои «энергетикаи сабз», аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо ҷалби сармояи хусусӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Президенти кишвар аҳамияти чунин лоиҳаҳоро барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқ ва афзоиши содироти неруи тоза ба кишварҳои минтақа таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки имкониятҳои иштироки Бонк дар маблағгузории онҳо баррасӣ шаванд.

    Навсозии шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва коҳиши талафоти неру низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

    Сарвари давлат зарурати афзоиши маблағгузории мустақим ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва тавсеаи дастрасии соҳибкорони хурду миёна, махсусан дар ноҳияҳо, ба маблағҳои дарозмуҳлат бо шартҳои дастрасро таъкид намуданд. Густариши маблағгузорӣ бо пули миллӣ ва омодасозии корхонаҳои ватанӣ ба барориши вомбаргҳо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

    Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тоза, навсозии низомҳои корезу обёрӣ, такмили идоракунии корхонаҳои давлатӣ ва омодасозии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва рақамикунонӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд. Ҷалби грантҳо ва кумакҳои техникӣ барои лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва иқлимӣ муҳим дониста шуд.

    Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар омодагии Тоҷикистонро ба густариши ҳамкории судманду дарозмуддат бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таъкид намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ