30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бо як қатор лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, логистикӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ шинос шуда, барои бунёди чанд иншооти муҳим санги асос гузоштанд.
Дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино ба сохтмони маҷмааи муосири логистикӣ ва истеҳсолии ҶДММ Ёвар оғоз бахшида шуд. Лоиҳа таъсиси маркази истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва иншооти коркарду бастабандии меваю сабзавотро дар бар гирифта, пас аз татбиқи пурраи он 930 ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Ҳамчунин, ба сохтмони корхонаи нави истеҳсоли техникаи маишии ҶДММ Артел Авесто Электроникс санги асос гузошта шуд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав беш аз 500 ҳазор техникаи маишӣ дар як солро ташкил дода, дар он таъсиси 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин маҳалла, лоиҳаи корхонаи истеҳсолии ҶДММ Хонаи ман низ муаррифӣ гардид. Корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосир дар як сол имкони истеҳсоли 10 ҳазор миз, 5 ҳазор рахти хоб, 4 ҳазор ҷевон, 4 ҳазор курсии гуногун ва 5 ҳазор таҷҳизоти тиббиро дошта, пас аз ба истифода додани он 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Дар баробари ин, ба бунёди Маркази агрологистикӣ оғоз бахшида шуд, ки барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Иқтидори марказ дар як вақт нигоҳдории то 2 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил дода, фаъолияти он ба коҳиш додани талафоти маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии кишоварзон ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи бунёди сардхонаи ҶДММ Мармарӣ бо ғунҷоиши 2 ҳазор тонна маҳсулот низ муаррифӣ гардид. Иншооти мазкур бо таҷҳизоти муосири нигоҳдорӣ муҷаҳҳаз шуда, барои ҳифзи сифати маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат пешбинӣ шудааст. Бо мавриди истифода қарор додани он 240 ҷойи кори доимӣ таъсис хоҳад ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо, ба масъалаи истифодаи технологияи муосир, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳтар кардани хизматрасонӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи ҳафт лоиҳаи муаррифишуда дар маҷмӯъ таъсиси зиёда аз 3 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст.



14