Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд

    2026-11-02
    10

    2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор дар ноҳияи Шаҳристонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

    Муассиса аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холмуродзода сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия, рушди зеҳнию ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва имкониятҳои муосир таъмин мебошад.

    Дар муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор кӯдакон дар 5 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи лоиҳа   толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхонаи барҳавою муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаҳои бозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудаанд.

    Барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар муассиса гурӯҳҳо ва маҳфилҳои гуногуни инкишофдиҳанда, аз ҷумла китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар ташкил карда шудаанд. Дар раванди таълиму тарбия ба рушди нутқ, тафаккур, қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

    Бинои муассиса бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва муосир бунёд гардида, намои зебо ва муҳити дилнишин дорад.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкоронро дар самти бунёди чунин иншооти замонавии соҳаи маориф шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

    Таъкид карда шуд, ки ба истифода додани муассисаи нави томактабӣ дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва омодасозии насли оянда ба шумор меравад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ