Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд

    2026-11-02
    14

    2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолиро мавриди истифода қарор доданд.

    Таъкид гардид, ки иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва саноат, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.

    Дар доираи ин сафар марҳилаи дуюми сохтмони бинои нави устохона-озмоишгоҳи муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур барои омӯзиши 18 ихтисоси марбут ба ҳунарҳои мардумӣ пешбинӣ гардидааст. Дар бино намоишгоҳ бо масоҳати 220 метри мураббаъ ташкил шуда, беш аз 700 намунаи маҳсулоти дастӣ аз рӯйи 16 номгуи ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шудааст.

    Дар идомаи иқдомҳои созандагӣ дар соҳаи маориф бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52, воқеъ дар деҳаи Болғарии деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

    Муассисаи таълимӣ барои таҳсили 510 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 24 синфхона мебошад. Дар он 51 омӯзгор бо кор таъмин шуданд.

    Ҳамчунин, дар ҳамин деҳа муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии Шукронаи истиқлол барои қабули 150  кӯдак дар панҷ гурӯҳ фосилавӣ ба истифода дода шуд.  Бо таъсиси муассисаи нави томактабӣ 23  сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

    Ҳамчунин, дар шаҳраки Истаравшани деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Муассисаи таълимӣ барои 760 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

    Дар идомаи ин иқдомҳои созандагӣ дар ҳамин деҳа муассисаи таълимии томактабии Нурофар низ мавриди истифода қарор гирифт. Муассиса  барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, раванди таълиму тарбия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

    Инчунин, дар маҳаллаи Курушкада дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 бинои нави иловагии таълимӣ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Бинои барои таҳсили 984 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз нӯҳ ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад.

    Дар баробари ин,  муассисаи томактабии хусусии Сомониён ба истифода дода шуд. Иншоот бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раҳмат Ҳамдамов бунёд гардида, барои фарогирии 150 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон дорои 15 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар муассиса 22 мутахассиси соҳа ба фаъолият ҷалб гардидаанд.

    Ҳамчунин, дар деҳаи Руғундии деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 мавриди истифода қарор гирифт.

    Иттилоъ дода шуд, ки муассиса барои таҳсили 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар бино 22 синфхона, аз ҷумла 10 кабинети фаннӣ ва ҳуҷраи маркази инкишофи кӯдак, ҷойгир шудаанд. Ҳоло дар он 62 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

    Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ корхонаи бандубаст ва коркарди меваи хушки ҶДММ Кишмиши Истаравшанро низ мавриди истифода қарор доданд.

    Корхонаи мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.  Иншоот ба коркард ва бандубасти меваи хушк нигаронида шудааст.

    Дар баробари ин, корхонаи истеҳсолии  ҶДММ Сими стандарт низ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Маҳмудов бунёд гардида, ба истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ барои соҳаи сохтмон равона шудааст. Дар он анбори захираи ашёи хом, сехҳои коркарди маҳсулот, бандубаст, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маҳсулот ҷойгир шудаанд.

    Гуфта шуд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои рушди иқтидори саноатии шаҳри Истаравшан, истифодаи самараноки имкониятҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ муҳим мебошад.

    Дар доираи чорабиниҳои мазкур маркази нави саломатӣ дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан низ ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ аз ҳашт ҳуҷраи корӣ иборат аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази нави саломатӣ 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

    Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави иҷтимоию истеҳсолӣ дар шаҳри Истаравшан қадами муҳим дар самти ободонии маҳал, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва хизматрасонии тиббӣ, тақвияти иқтидори саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.

     

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ