Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

    2026-11-02
    18

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро ки бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ  дар шаҳраки Баҳористони деҳоти Яхтан бунёд шудааст, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

    Бинои мактаб барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхона ва кабинетҳои фаннии барҳавою муҷаҳҳаз иборат мебошад. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.

    Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июли соли 2026 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

    Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, аёниятҳои хониш  ва дигар лавозимоти  зарурӣ таъмин гардидааст.

    Саҳни муассиса бо роҳравҳои зебо ва гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкан сабзкорию ороста гаштааст.

    Омӯзгорону хонандагони мактаб ва сокинони шаҳраки навбунёди Баҳористон аз мавриди истифода қарор гирифтани ин боргоҳи илму маърифат бо шароити муосири донишомӯзӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ