Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

    Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

    2026-11-07
    18

     7 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда» сурат гирифт.

    Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев самимона пешвоз гирифтанд.

    Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев нахуст бо ҳайатҳои расмии ду кишвар шинос шуданд.

    Сипас, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

    Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони давлатҳо аз назди сарбозон ва ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон сурат гирифт.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ