Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд

    2026-11-10
    15

    10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфтанд.

    Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад. Яъне милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум аст.

    Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси ин ниҳоди муҳимми давлатӣ рисолати касбии худро содиқона иҷро карданд ва дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини оромиву осоиши мардум ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба ҳамаи кормандон, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдорӣ иброз доштанд.

    Дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, як қатор вазифаҳо гузошта шуд.

    Дар робита ба шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадор шуданд, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.

    “Иштироки фаъолона дар тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, таҳкими робитаи оила бо мактаб ва ҷомеа низ аз вазифаҳои муҳимми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад”, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Дар ин роҳ ҳамкории доимӣ бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон зарур дониста шуд.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо ба садоқату шуҷоати онҳое, ки дар лаҳзаҳои душвор вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд, ҳамеша эҳтиром мегузорем”.

    Дар ин робита Пешвои миллат иброз доштанд, ки ғамхорӣ ба оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, вазифаи давлат ва сохторҳои марбута мебошад.

    Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таъмини фаъолияти самараноки кормандон, инчунин сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар андешаронӣ намуданд.

    Таъкид гардид, ки дар баробари Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултети фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ — техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис, дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хизмат мекунанд.

    Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷуёнро ба донистани забонҳои хориҷӣ, тақвияти омӯзиши технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ҳидоят намуданд.

    Вобаста ба вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву амниятии ҷаҳони муосир ва пайомадҳои ногувори он таъкид шуд, ки мо тавассути тақвият бахшидани пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ кишварро аз таъсири манфии равандҳои зикршуда эмин нигоҳ дорем.

    “Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи амнияти кишвар, таъмини сулҳи пойдор ва ояндаи дурахшони давлату миллат вазифаи пуршараф ва қарзи виҷдонии ҳар яки онҳо мебошад”,- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Дар фароварди сухан Роҳбари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки кормандони мақомот ва сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва касбияти баланд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату ҷомеа, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ