7 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ.
Дар озмун донишҷӯёни зинаи бакалавр, магистрантон, аспирантон, докторантони PhD, унвонҷӯён, омӯзгорон, докторантҳо аз рӯйи ихтисос иштирок намуда, ихтироъ ва дастовардҳои навини худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.
Барои гузаронидани даври якуми озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо, ҷадвали баргузории озмун ва назорати он, тасдиқи ҳайати ҳакамон, гузаронидани машварат барои ҳайати ҳакамон ва масъулони озмун, назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун, омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун, таъсиси комиссияи аппелятсионӣ амалӣ гардонида шуд.
Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.
ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/