13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зари Душанберо ифтитоҳ намуданд.
Гуфта шуд, ки коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот аз тиллою нуқра самти асосии фаъолияти корхона аст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иқтидори технологии корхона истеҳсоли то 35 ҳазор маҳсулоти заргариро ташкил медиҳад. Дар он ғайр аз ҷавоҳирот, армуғон ва зарфҳои гуногун низ истеҳсол мешавад.
Дар коргоҳ 60 ҷойи корӣ муҳайё гардида, аллакай 27 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд.
Таъкид гардид, ки дастгоҳҳои муосири рехтагарӣ, буриш, васл, тарроҳӣ, сохтани қолабу пардоздиҳӣ ва тамғагузорӣ имкон медиҳад, ки тиллою нуқра мутобиқ ба талаботи бозор коркард ва аз он ҷавоҳирот истеҳсол намоянд.
Иброз доштанд, ки то сатҳи ниҳоӣ коркард намудани металлҳои қиматбаҳо, рушд додани саноати заргарӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва, дар маҷмуъ, рушди саноати миллӣ аз ҳадафҳои асосии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зари Душанбе маҳсуб меёбад.
Зикр шуд, ки татбиқи имтиёзҳои давлатӣ ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ имкон фароҳам овард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ сармояи хориҷӣ ҷалб, технологияи муосир ворид, металлҳои қиматбаҳо коркард шавад ва ҳунари заргарӣ бо омезиши нақшҳои бостонии миллӣ ҳамчун мероси фарҳангии ниёгон рушд ёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти заргариро дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин ва мутахассисон ҷиҳати коркарди бештари канданиҳои фоиданок, истифодаи пурраи бартариҳои технологияи нав, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва пурра қонеъ гардонидани талаботи бозор бо ин намуди маҳсулот тавсияҳо доданд.
Тавре иттилоъ доданд, ин сеюмин корхонаи коркарди тиллою нуқра ва истеҳсоли ҷавоҳирот дар шаҳри Душанбе аст ва соли 2027 чорумин корхона дар ҳамин шаҳраки Заргарон ифтитоҳ меёбад.
Инчунин, Зари Душанбе дорои мағозаи брендии худ аст, ки шаҳрвандон метавонанд ҷавоҳироти дилхоҳашонро дастрас намоянд.



3