Ҳамакнун ролики таблиғотии силсилафилми нави тасвирӣ бо номи «Гарфилд» аз ҷониби ширкати филмофарии Парамонт Пикчарс дар шабакаҳои интернетӣ муаррифӣ гардид. Нахустнамоиши он 11 декабр имсол баргузор мешавад.
Ба қаҳрамони асосӣ — гурбаи Гарфилд барандаи ҷоизаи «Эмми» Ламорн Моррис, ки бо нақшҳояш дар филми «Фарго» маъруф аст, садо медиҳад.
Қисса дар бораи саргузаштҳои нави гурбаи серпашм, дӯсти ӯ — саги Оди ва соҳиби онҳо Ҷон нақл мекунад. Мавсими аввали силсилафилм аз 40 қисмат иборат хоҳад буд.
Қаблан машҳуртарин силсилафилми тасвирӣ дар бораи Гарфилд бо номи «Намоиши Гарфилд» аз соли 2009 то соли 2016 тавассути шабакаи Cartoon Network пахш мешуд.



6