Ҳунарпешаи маъруфу шинохта Брэд Питт замони оғози наворбардории қисми нави филми «Чаҳордаҳ дӯсти Оушен»-ро эълон кард.
Ба гуфтаи ин ҳунарманд, наворбардории филм на пештар аз нимаи дуюми соли 2027 оғоз хоҳад шуд. Қаблан қарор буд, ки ширкати филмофарии Варнер Брозерс наворбардориро тобистони соли 2026 оғоз кунад, аммо баъдан оғози он ба моҳи декабр мавқуф гузошта шуд.
Ҳунармандони асосии силсилафилм — Ҷорҷ Клуни, Брэд Питт, Мэтт Дэймон, Ҷулия Робертс ва Дон Чидл — дубора ба нақшҳои худ бармегарданд. Коргардонии филмро Дэвид Литч, ки қаблан филми «Тезтар аз тир»-ро низ таҳия кардааст, ба уҳда мегирад.Филми аслии «Оушен» соли 2001 руйи пардаи синамо омада буд. Қиссаи филм дар бораи гурӯҳи ҷинояткорон нақл мекунад. Даромади умумии филмҳо дар кинотеатрҳои саросари ҷаҳон ба 1,1 миллиард доллар расидааст.



12