Коргардони канадӣ Дени Вилнёв қисмати сеюми филми дарпешистодаи «Дюна»-ро беҳтарин лоиҳа дар байни дигар қисматҳо эътироф намуд.
Филми нав бар асоси романи «Наҷотбахши Дюна»-и нависандаи амрикоӣ Фрэнк Ҳерберт таҳия шудааст. Ҳодисаҳои он 17 сол пас аз рӯйдодҳои қисми дуюм ба вуқӯъ мепайванданд. Дар қисмати сеюм Флоренс Пю, Роберт Паттинсон, Аня Тейлор-Ҷой, Ҷейсон Момоа ва дигар ҳунармандон нақш офаридаанд. Давомнокии филм 150 дақиқаро ташкил медиҳад, ки ин кӯтоҳтарин қисмат хоҳад буд. Нахустнамоиши он дар кинотеатрҳои хориҷ аз кишвар 18 декабр баргузор мешавад. Барои Дени Вилнёв филми «Дюна 3» қисми ниҳоии ин силсилафилм хоҳад буд. Пас аз анҷоми он коргардон ба таҳияи филми нави силсилаи «Ҷеймс Бонд» бо иштироки Роберт Паттинсон оғоз мекунад.



12