Киностудияи Амазон МҶМ номи ҳунарманди навбатиро, ки нақши агенти 007 Ҷеймс Бондро иҷро мекунад, эълон кард. Нақши нави қаҳрамони машҳурро Роберт Паттинсон хоҳад бозид.
Дар қатори ӯ дигар довталабон ҳунармандоне чун Ҷек Лоуден, Каллум Тёрнер, Ҷош О’Коннор ва Николас Ҳолт низ буданд. Коргардони филми 26-уми силсилаи «Ҷеймс Бонд» Дени Вилнёв таҳиягари офаридаи “Дюна” хоҳад буд.
Ҷузъиёти муҳтавои филм ва санаи намоиши он ҳанӯз маълум нест. Иҷрокунандаи пешини нақши Ҷеймс Бонд Дэниэл Крейг буд. Ӯ дар панҷ қисми ин силсила, аз ҷумла филмҳои «Казино Роял» ва «Скайфолл», нақш офаридааст. Охирин филми то имрӯз ба намоиш баромадаи силсилаи Бонд — «Вақти мурдан нест» соли 2021 рӯйи парда омада буд.



12